ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Гўё сенарияи нооромиҳои ин кишварҳо ба қалами як муаллиф тааллуқ доштанд. Вале, хушбахтона, ду шахсияти бузург, ду сиёсатмадори варзида, дар Тоҷикистону Озарбойҷон тавонистанд, ки алайҳи ҳама гуна сенарияҳои тарҳрезишуда истодагарӣ кунанд ва миллату давлати хешро аз маҳвшавӣ наҷот диҳанд. Яке аз ин номварон, дар он вақт ҳанўз сиёсатмадори ҷавон, вале имрўз яке аз чеҳраҳои шинохтаи сиёсӣ ва Пешвои миллати тоҷик Эмомалӣ Раҳмон аст. Дигаре сиёсатмадори ботаҷриба ва шинохта Ҳайдар Алиев мебошад, ки ваҳдату якпорчагӣ ва пешравию шукуфоии Озарбойҷони имрўзаро ба номи ў марбут медонанд …
Имрўз мардуми Озарбойҷон бо тасмими нек, баҳри ободии кишвар реҷаҳои нав ба нав мекашад, бо истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, хоса нафту газ, дар арасаи байналмилалӣ кишвар беш аз пеш мавқеи муҳим пайдо мекунад, саноату кишоварзии он дар ҳоли рушд аст ва ин ҳама ба шарофати ҷоннисориҳоии Ҳайдар Алиев, ки барои ба сулҳу ваҳдат расондани кишвар ва сиёсати дурандешонаи ў амалӣ шудаанд. Кору пайкори ўро имрўз фарзанди арзанда ва шогирди асили ў, Илҳом Алиев идома медиҳад, ки тавсеабахши корҳои бузурги падар аст.
Душанбе, с.2016
ЧАНД ҲАРФИ ХУРД ДАР БОРАИ
«АМАЛ»-ҲОИ БУЗУРГ…
Дар шаҳри мо як зани аризабоз зиндагӣ мекард, ки
мардум ўро фаразан бигўем «Салима ООН» тахаллус карда буданд. Ў ба як бемории хеле аҷиб гирифтор буд, ки ба
истилоҳи имрўзаи тиббӣ «паранойа» меноманд. Воқеъан
ҳам «пароноик» буд, ба ҳама кас бо шубҳа менигарист. Як васваса дошт, бо вуҷуди таъсири беамони рўзгор ба синну солаш ва риштаҳои сафеди мўи сараш гумон мекард, ки фалониву беҳмадони мехоҳанд ба номуси ў таҷовуз кунанд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо