Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Бо ин гумон варақ-варақ шикоятномаҳо навишта, дар ба дари мақомоту идораҳо мегашт ва агар ҳарфашро гўш накунанд фиғон мекашид, ки «Ман ба ООН муроҷиат мекунам, мебинед ООН ҷазои Шуморо чи гуна медиҳад!».
Он вақт ин ҳарфҳои ўро мешуниданду аксарият ба содагии «Салима-ООН» заҳрханда мекарданд. Яъне, «ООН дигар кор надорад, ки аз паси васвасаҳои шуми ту мегардад». Ў дар ҷавоб изтеҳзоомез мегуфт: «Шумо нархарон аз куҷо медонед, ки ООН-ро аслан барои ман баринҳо сохтаанд, афсўс, ки ман суроғаашро аниқ намедонаму мактубҳои ман то Раиси ООН намерасанд, вагарна қири ҳамаатонро мебаровардам»
Ҳоло, ки замона ҳам тағйир ёфтаасту арзишҳо ҳам дигар шудаанд кампири «Салима - ООН»-ро ба хотир оварда шукрона мекунам, ки ҳамон вақтҳо ў суроғаи СММро пайдо накарда будааст. Вагарна ў ба истилоҳи худаш «қири ҳамаро мебаровард» ва ё ҳадди ақал метавонист барои давлат ва ҳукумати вақт як муддат дар арсаи байналмилалӣ дарди сари зиёд эъҷод кунад.
Имруз, ки дастгирии издивоҷҳои ҳамҷинсгароӣ аз волотарин арзишҳои башарӣ маҳсуб мегардаду эътирози аксарият нисбат ба намоишҳои рўшоди ишон мавриди нигаронии ташкилотҳои бонуфузе мисли СММ ва САҲА қарор гирифтааст, ҳеҷ аҷиб нест, ки васвасаҳои «Салима-ООН»
низ ҳамон вақт дар яке аз ҷаласаҳои СММ ҷиддан баррасӣ мешуд. Бубинед, ки ҳамарўза аз ҷангҳои бемаънию гуруснагӣ фавтидани ҳазорон нафар ба масъалаи дувумдараҷа табдил ёфтааст, вале намоиши ҳамҷинсгароҳо дар фалон шаҳри аврупо сарахбори ВАО-и ғарб…

пешина
аз 601
навбатӣ