Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Барои ҷаноби Пан Ги Мун, Раиси СММ, ки масъули ваҳдати миллатҳову давлатҳост, мулоқот бо Кончита Вусти хунасо имрўз афзалияти бештаре дорад нисбат ба ин, ки равад дасти бечораи тероршудаеро дар Ироқ, Сурия ё Укроин бигирад ва лоақал нафареро ҳамдардӣ кунад.
Мавсуф дар ҷаласаҳои СММ дар Вена ба Кончита Вуст хитоб кард: «Банда кайҳо дар орзуи шиносои бо Шумо будам…».
Барои СММ ва САҲА Башор Асаде, ки зидди терористони ДИИШ ба хотири ҳимояи мардуми бегуноҳи Сурия ва ҳифзи суннатҳои санияи ин кишвар мубориза мебарад, роҳбари як режими худкома аст, вале вазири корҳои хориҷии Латвия Эдгар Ринкевич, ки рўшод аз ҳамҷинсгаро буданаш иқрор мекунад, сиёстамадори далеру ҷасур ва роҳбари ояндабахш аст.
«Эҳтиром! Ва рафоқат»,- навиштааст, Вазири корҳои хориҷии Швеция Карл Билдт аз рафтори ҳамтояш ба завқ омада. «Эдгар, дўсти ман, ба ҷасорат ва самимияти ту қоилам!!!», - гуфтааст ҳамтои дигари ў аз Литва, Линас Линкявичус…
Ҳар оина гумон мекунам, ки дуруст мебуд агар ин созмонҳои бонуфуз ба ҷои таблиғи «ақидаҳои либералӣ», ки барандозандаи фарҳангу таърих ва ба як оммаи бенангу номус табдил ёфтани башарият гардидааст ва ба кишварҳои «сеюм» иҷборан таҳмил намудани ин навъ демократия, ки чеҳраи «инсонӣ» надорад, ба вазифаи ҷонии худ, фароҳам овардани сулҳ таъмини амният, муросову мадорои миллатҳо, пешгирии ҷангу куштор, нажодпарастӣ, фашизм машғул мешуданд.
Вале афсус, ки орзуҳои файласуфи маъруф Иммануил Кант, ки ба хотири қатъи ҷангу хунрезии байни кишварҳо бунёди чунин созмони фаромилиеро, ки фаъолияташ дар ин бахш муассир бошад, пешниҳод карда буд, комилан фаромўш шудааст.

пешина
аз 601
навбатӣ