Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Имрўз ҳар роҳбаре, ки таърих, фарҳанг, расму оини миллиашро аз «либерализм» таҳмилшуда муҳофиза мекунад, пеши ин созмонҳо роҳбари худкомаю ғайридемократӣ аст. Дахолат ба умури дохилии ин гуна кишварҳо ва фишор ба пешвоёни воқеии онҳо ба як амри ногузир табдил ёфтааст.
Агар принсипҳои ин созмонҳо тағйир наёбад, метарсам, рўзе «рўҳниёни маъшуқабоз»-и мо, ки корнамоияшон эътиқоди мардумро нисбати ин тоифа хеле коҳиш додааст, таҳти ҳимояи ин созмонҳои бонуфуз садо баланд кунанд ва зери мусиқии «Ба лолазоре, соқи май биёре…» ба дастгирии «ақалияти истисморшуда» намоиш барпо намоянд.

ДАР ҲОШИЯИ ЯК МАТЛАБИ ПУРМУҲТАВО
(ва ё тақриз ба мақолаи С. Ятимов «Оиди назарияи
эҳтимолияти равандҳои сиёсӣ»)

Файласуфи маъруфи Юнони қадим Афлотун фаразияеро пешниҳод карда буд, ки баъдтар ба унвони «мусули афлотунӣ» шўҳрат пайдо кард. Мухтасари масали мазкур ин аст, ки Афлотун мегўяд «агар деворе бошаду пешорўи он оташи бузургеро барангезанд ва байни оташу девор инсон қарор бигирад ва ҳаракат кунад сояи он низ дар девор ба ҳаракат хоҳад рафт. Шахсе, ки аз донишу маърифат дур асту, ҷаҳолату нодонӣ бар мағзаш асар карда ҳамон сояро асл пиндорад».
Яъне зиндагии миллатҳову қавмҳое, ки ҷаҳолату нодонӣ бар онҳо ғолиб асту шуурашон заиф мисли ҳамин соя бошад, ки ғофил аз нури оташу он ки қуввае ҳаракати сояро идора мекунад, онро асл пиндоранд.

пешина
аз 601
навбатӣ