ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Чанде қабл мақолаеро бо унвони «Оиди назарияи эҳтимолияти равандҳои сиёсӣ» қироат кардам, ки ба қалами Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Саидмуъмин Ятимов тааллуқ дорад. Аслан ин як тадқиқоти мухтасар вале фарогире аст дар илми ҷомеъашиносӣ нисбат ба он, ки дар маҳдудаи як мақола муаррифӣ кунем.
Муаллиф дар матлаби худ бо далелҳои раднопазир ҳамин андешаро ба силки таҳқиқ кашидааст, ки миллатҳо ва давлатҳое, ки бунёдашон аз илму маърифат рехта шудааст ҳамеша дасташон болост, вале миллатҳое, ки ба иллате аз аслу насаб, таърих ва фарҳанги худ дур шудаанду ба иделогия, фарҳанг, оину мазҳаби таҳмилшуда имон овардаанд осебпазир буда, пешорўи маҳвшавӣ қарор доранд. Зиндагии ин қавмҳо мисли ҳамон сояи афлотунист, ки онро асл мепиндоранд ва ғофил аз онанд, ки қуввае онҳоро аз берун ба майлу хоҳиши худ идора мекунад ва кадом сўе хоҳад мекашад…
Муаллиф дар матлаб хеле нозукбинона ишора мекунад «Яке аз масъалаҳои муҳими фаъолият дар самти ояндабинии сиёсӣ коркарди алтернативаҳо мебошад. Мусаллам аст, ки субъектҳои сиёсӣ, махсусан берунӣ, ҳамон алтернативаҳоро коркард, омода ва роҳандозӣ мекунанд, ки ба амалишавии манфиатҳои онҳо мусоидат менамояд.»
Назири ин фарзияро мо дар мисоли «баҳори араб» ва «инқилобҳои ранга»-и кишварҳои пасошўравӣ дидем, ки қавму миллатҳои сархуш аз «бодаи демократия» бо дасти худ арзишҳои миллӣ, таърихӣ, иқтисод, фарҳанг ва ҳаёти амну ороми худро аз бунёд баркандаанд ва милаташонро ба вартаи ҷаҳлу муфлисӣ афканданд. То дарк карданд, ки ин ҷомеаҳои алтернативӣ танҳо ба хотири ба даст овардани сармояву нафти ишон роҳандозӣ шудааст, дигар зимоми давлату давлатдорӣ аз дасташон берун шуд.
Ҷои дигаре ишора меравад, ки «…системаҳои интеллектуалии рушдёфтаи глобалӣ системаҳои оддӣ, примитивӣ, тахайюлӣ, эҳсосотӣ, тамоюл ба сарчашмаҳои афсонавӣ ва ормониро рўшод, ошкоро, мустақиман ва бисёр вақт ноаён дар доираи манфиатҳои худ ҳамчун зерсистема ба таври инструменталӣ, чун восита, олоти бозиҳои геополитикӣ истифода мекунанд.»

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо