ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Ба қавли муаллиф барои ин зерсистемаҳо тамоми имконот ҷиҳати мубориза фароҳам ва меъёру сарҳади онҳо муайян мешавад. Ин гурўҳҳои истихдомшударо «…таҳти шиорҳои гуногуни «ҷиҳод», «муборизаи миллӣ-озодихоҳӣ», «ҳимоят аз исломи ноб», «мубориза ба муқобили куффор» ки дар асари он садҳо, ҳазорҳо нафар нобуд шудаанд, деҳот, шаҳр ва кишварҳоро ба харобазор табдил ёфтаанд» ба майдон мекашанд. Вале баъдтар ин «ғуломони» парвардашуда аз итоати хоҷагони худ сар мепечанд, аз таҳти таъсири онҳо берун мешаванд, торафт бештар «ғулом»-и арзишҳои сунъии таҳмилшуда мегарданд ва барояшон дарди сари зиёд эъҷод мекунанд.
Натиҷаи ҳамин сиёсати якҷониба ва сарсахтонаи ғарб аст, ки имрўз дастпарварони «исломи сиёсӣ»; «Толибон», «Ал-қоида», «Ихвон-ул-муслимин», «ДИИШ» ва мисли ин сарҳадҳои иҷозашударо убур намуда, дар маркази Аврупову Амрико даст ба терор мезананд. Натиҷаи ҳамин таҳрикҳои ногувор ва таҳрифи арзишҳои исломӣ аст, ки кормандони «Шарли Эбдо» барин маҷалаҳоро, ки рамзи «озодии сухан» дар аврупо маҳсуб мешавад, дастпарварони худашон ба таври ваҳшатангез эъдом мекунанд.
Мутаассифона, аз дохили ин ақвом «лидерони ояндасоз»-е низ пайдо мешаванд, ки манфиати шахсии худро бар манофеи миллӣ тарҷеҳ медиҳанд. Мунофиқона амал мекунанд ва мардумро ба иштибоҳ меандозанд. Муаллиф симои аслии онҳоро хеле дақиқкорона фош намудааст: «Баъзеашон, қаламу каломе ҳам ки доранд, мақола, муколама, мусоҳиба, мавъизаҳо ва ҳатто «корҳои илмиашон»-ро дар васфи маромҳои он системаҳо, дар бисёри вақт бошуурона, лекин хеле соддалавҳона, аммо қотеона, намоишкорона, барои мадди «он назар» афтоданҳо иброз медоранд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо