Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Ҳарчанд ин ашхоси хеле ҳушманд «об додану гулоб талаб кардан»-ҳои муаллифони он системаҳоро беҳтар аз ҳама медонанд. Лекин ҳеҷ гоҳ расман амалкарди онҳоро, нисбати миллат, намояндагони мардуми хеш маҳкум намекунанд.»
Дар тақвияти ақидаҳои арзишманд ва барои имрўз хеле муҳиму актуалии муаллиф танҳо бо ҳамин илова иктифоъ меварзем, ки «муҳандисони ҷаҳони муосир» вобаста ба менталитету ҷаҳоншиносии мардуми манотиқи мухталифи мавриди назарашон нақшаҳои хешро тарҳрезӣ мекунанд. Фаразан дар кишварҳои мусалмоннишин қувваҳои радикалии исломи сиёсӣ «олоти бозиҳои геополитикӣ»-и онҳо бошад, дар кишварҳои аврупо ҳамин нақшро барояшон «неонатсистҳо» анҷом медиҳанд. Мисли ин, ки агар шиорпартоиҳои фашистони кишварҳои Назди Балтик ва Украина хеле шабоҳат дошта бошад, шиорпартоиҳои қувваҳои иртиҷоӣ дар олами ислом низ аз як сарчашма обишхур доранд.
Фаразан тазоҳуроти солҳои навадуми қарни гузаштаи Тоҷикистон низ бо даъватҳои инқилоби яке аз кишварҳои Ховари Миёна айни як чиз буд. Шиори «Амрико, Амрико марг ба найранги ту…», ки дар майдонҳои ин кишвар танинандоз буд, тақрибан баъд аз 30 сол бо андаке тағйир дар кишвари мо аз ҷониби дастандаркрони тазоҳурот ба наҳви «Золимин, золимин марг ба найрангатон. Хуни шаҳидони мо мечакад аз чангатон» садо медод.
Дигар ин,ки дар радифи истилоҳе мисли «геополитика» ва «геостратегия», ки муаллиф онро дар мақола хеле мушикофона шарҳ додааст, истилоҳе мисли «геоэкономика» сари кор омадааст, ки ба манфиати олами сармоя амал намуда, низоми молиявии кишварҳо ва минтақаҳоро барҳам мезанад.

пешина
аз 601
навбатӣ