Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Зарбаи ин мафҳуми ҷадидро мо дар ҳаводиси чанд соли ахир эҳсос намудем, ки ҳатто ба иқтисодиёти кишвари мо низ беасар набуд.
Дар фарҷоми андешаҳои худ мехоҳам ҳамин нуктаро таъкид кунам, ки таҳқиқоти мазкур хеле густурда ва фарогир буда, ворид намудани он ба барномаҳои таълимӣ аз фанни сиёсатшиносӣ ё ҷомеашиноӣ ва тадриси он дар муассисаҳои олии кишвар аз манфиат холӣ нест. Инчунин салоҳи кор мебуд, агар олимони саршиноси мо низ дар давраи хеле ҳассос ва зудтағйирёбандаи ҷаҳонишавӣ аз иқдоми муаллифи мақола, устоди соҳибназар Сайидмуъмин Ятимов ибрат гирифта, дар ин мавзўъ чанд сатри муассир менавиштанд, то барои баъзе ҷавонони мо, ки дар кўчаву паскўчаҳои сиёсати ҷаҳонӣ раҳгум задаанд, раҳнамо бошад.
Душанбе с.2016

ТОҶИКОНИ ЛЮБЛИНО

Соли 2005 ба шаҳри Лондони Британияи Кабир сафар кардам. Вақте ки аз фурудгоҳи Домодедово ба ҳавопаймои «Боинг» нишастам, гумон кардам, ки ин киштии бузургест, ки дар он тамоми шароит барои мусофирон фароҳам оварда шудааст. Он вақтҳо дар фазои кишвари мо ҳанўз ҳавопаймоҳои Ту-134 ва Ту-154 парвоз мекарданд, ки дар салони тангу нороҳаташ муҳоҷирон пакету сумкаҳояшонро болои зону гузошта сафар мекарданд. Боварам намеомад, ки рўзе дар чунин ҳавопаймои бузург, ки салони муҷаҳҳаз дорад мусофирони мо низ роҳат парвоз хоҳанд кард.
Инак, тақрибан баъд аз 15 сол бо сафари хизматӣ ба самти Маскав парвоз кардам. Терминали нави фурудгоҳи Душанбе аз дигар фурудгоҳҳои байналмилалии кишварҳои Аврупо, инчунин фурдгоҳи Хитроуи Лондон ҳеҷ тафовут надошт.

пешина
аз 601
навбатӣ