Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Вақте, ки аз тариқи «остин» (рукава) ба ҳавопаймои замонавии «Боинг 767-300»-и ширкати «Тоҷик-Эйр»
ворид шудам, боз ҳамон хотираҳои сафари Лондон дар зеҳнам бедор шуданд. Эҳсоси хуше маро беихтиёр фаро гирифт. Дигар таи чанд соли охир шаҳрвандони мо низ имкон пайдо намуданд, ки ҳангоми сафар аз тариқи ҳавопаймоҳои ватанӣ бо хизматрасонии сатҳи баланд фаро гирифта шаванд.
Дигар чеҳраҳои аксарияти мусофирон низ аз чеҳраҳои маҳзуни муҳоҷирони солҳои 2005 тафовут дошт. Аз тарзи либоспўшиву ҳарфзании ҷавонону бонувони тоҷик эҳсос мешуд, ки онҳо кайҳо сарҳади аробакашиву кўчарўбиро убур карда, ба ҳайси соҳибкорони муваффақ ва ё мутахассисони корхонаҳои Русия фаъолият мекунанд.
Паҳлўи ман як ҷавонмарди 25-26 - сола ва зани ҷавоне бо тифлакаш нишастанд. Ҳануз қабл аз парвоз меҳмондори ҳавопаймо (стюардесса) пеши мо омада, аз ҷавон хоҳиш кард, ки ба курсии дигари холӣ нишинад, то бону бо кўдакаш роҳат парвоз кунанд.
Аз бону пурсидам: - Шумо низ дар Русия кор мекунед?

  • Не посух дод ў. - Ман дар шаҳри Қўрғонтеппа (имрўза Бохтар) зиндагӣ мекунам. Дўзанда ҳастам, каме маблағ ҷамъ карда билет харидам. Назди шавҳарам меравам, духтаракам дусола шуду ҳанўз ўро падараш надидааст. Намедонам аз ин кори ман хурсанд мешавад ё малул …
    Ҳазор офарини бонуи тоҷик, ки бо ин ҷуссаи наҳиф дар зиндагӣ бори сад ҷавонмардро мекашад.

Маркази савдои «Москва»
Сафари худро аз маркази савдои «Москва» оғоз намудам. Ин бесабаб набуд, чаро ки дар маркази мазкур беш аз се ҳазор муҳоҷирон бо кори доимӣ машғуланд.

пешина
аз 601
навбатӣ