ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Ҷомеа
Аз аввал хонданЧанд нафар соҳибкорони тоҷик низ фаъолият доранд, ки дорои нуқтаҳои умдафурўшӣ (оптовый) ва тарабхонаҳоанд.
Аммо теъдоди зиёди тоҷикон дар бахшҳои гуногуни ин маркази бузург бо хизматрасонӣ машғуланд. Бахши азими ронандаҳои таксӣ, мошинҳои боркашонӣ, ҳаммолон, фаррошон, фурўшандаҳо, пешхизматҳо ва мисли ин тоҷиконанд. Маоши онҳо ба ҳисоби миёна дар як моҳ 35-40 ҳазор рубли русӣ аст. Сабаби чунин таҷамўи зиёди тоҷикон дар маркази савдои мазкур ба исми Абдусамад Абдураззоқов алоқаманд аст, ки дар маъмурияти ҳамин Маркази савдо яке аз вазифаҳои калидиро ба зимма дорад.
- Абдусамад Абдураззоқов, - мегўянд муҳоҷирон,- ҳаддалимкон кўшиш менамояд, ки ба ҷойҳои холии корӣ муҳоҷирони тоҷикро қабул кунад. Вале пеш аз ба кор қабул кардан шарт мегузорад, ки интизоми меҳнатиро риоя кунанд, ба ҳар гуна гурўҳҳои мазҳабии иртиҷоӣ шомил нашаванд, ба дуздиву фиребгарӣ даст назананд. Бо онҳое ин шартҳоро риоя намекунанд, гуфтугў хеле кўтоҳ аст. Бидуни ягон хархашаву кашмакаш аз кор озод карда мешаванд,- илова мекунанд муҳоҷирон.
- Оё байни ҷавонони тоҷик нафароне низ пайдо мешаванд, ки аз риояи ин қоидаҳо саркашӣ кунанд?- мепурсам аз ҳамватанони муҳоҷири худ.
- Бубинед, - посух медиҳад Диловар ном як ҷавон,- Идора кардани ин гуна артиши бузурги коргарон осон нест. Дар байни ҷавонони мо кам нестанд онҳое, ки бо ҳадафҳои ғаразнок ба Русия меоянд. Баъд аз ҷойгир шудану як миқдор маблағ кор кардан ба сарашон ҳар гуна ҳавову ҳавас мезанад. Маъмурият агар бо ин қабил ҷавонон созиш кунад, ин гуна беморӣ метавонад ба зудӣ байни дигар коргарон паҳн шавад. Вале аксарияти муҳоҷирон ҳароина ба хотири кор кардану маишати оиларо таъмин кардан меоянд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо