Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Шояд ҳамин серталабии Ҳоҷӣ Абдусамад ва маъмурияти коргоҳ аст, ки то ҳол аз маркази мазкур касе ба гурўҳҳои радикалӣ шомил нашудаву орзуи сафари Сурия ва ё Ироқ накардааст.
Ба назди бонуе меравам, ки аз шаҳри Душанбе аст ва чанд сол ин ҷониб дар мағозаи як соҳибкорзани чинӣ ба ҳайси фурўшанда кор мекунад. Ҳангоми сўҳбат аз ў мепурсам: - Коргарони тоҷик дар маркази мазкур зуд-зуд иваз мешаванд, ё солҳои тўлонӣ кор мекунанд.

  • Фаразан банда тақрибан 15 сол мешавад, ки дар Маркази савдои Москва кор мекунам. Мо оилавӣ дар ин марказ кор мекунем. Фарзандонамон низ дар мактабҳои Москва таҳсил мекунанд. Албатта, дар байни ҳамватанони мо афроде низ ба назар мерасанд, ки зуд-зуд ҷои кори худро иваз мекунанд. Вале мутаассифона табиати ин қабил мардум ҳамин аст. Дар як ҷо сабзида наметавонанд.
    Вале аксарият ба ин марказ дилбастагӣ доранд. Чунки ба таври қонунӣ ба кор қабул мешаванд, андоз месупоранд, ҷои ором асту касе намеранҷонад ва аз ҳама муҳим хатари депортшавӣ ба истиснои баъзе ҳолатҳо тақрибан ба сифр баробар аст.
    Растаҳои Маркази савдои «Москва»-ро давр задан аз як рўз бештар вақт мехоҳад. Барои аз ин марказ мол харидан аз тамоми шаҳрҳои Русия ва кишварҳои ҳамсоя савдогарон меоянд. Вақте ки ба ҳар як раста ва ё мағоза ворид мешавед, метавонед озод бо забони тоҷикӣ суҳбат кунед.
    Дар он ҳатман як ҳамватан пайдо мешавад, ки шуморо раҳнамоӣ кунад. Ҳатто вақте ки аз як чинидухтар арзиши телефони мобилиро бо русӣ пурсидам, бо лаҳни кўдаке, ки гўё нав забонро ёд гирифтааст посух дод: «Биштуше ҳажор сум». Бо ҳайрат ба ў муроҷат кардам: - Бо забони тоҷикӣ ҳарф мезанед? - Ҳо-о-о, - мад кашида бо забони ширин ҷавоб дод бону,- ҳамколонам ёд доданд…
пешина
аз 601
навбатӣ