ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Ҳангоми сайру гашт ба растаи пояфзолфурўшон ворид шудам, ки дар яке аз мағозаҳо бо ҳарфҳои бузург «РАШТ» навишта шудааст. Тамоми пояфзолҳои мағоза тамғаи «Рашт» доштанд. Соҳиби ин дукони умдафурушӣ Лоиқов Маҳфузулло нақл кард, ки бо яке аз фабрикаҳои чинӣ ҳамкорӣ доранд ва дар он ҷо истеҳсоли пояфзолҳои чармии бренди «Рашт»-ро ба роҳ мондаанд. - Ин ки пояфзолро бо тамғаи «Рашт» истеҳсол мекунед, ба савдо кўмак мерасонад? - На, номи наве, ки мо ба пояфзол гузоштем, бо брендҳои хориҷӣ, бахусус аврупоиву туркӣ ҳанўз баробар шуда наметавонад. Ҳадафи мо ин аст, ки бо истеҳсоли пояфзоли хушсифат, баръакс номи як гўшаи зебои кўҳистони ватанро таблиғ кунем. Дар ибтидо пояфзолҳои моро танҳо тоҷикон мехариданд, шукрона имрўз дар байни дигар миллатҳо низ маъруф шудааст. Дар рафти сўҳбат маълум гардид, ки М.Лоиқов якҷоя бо бародаронаш аз ҳисоби даромади худ, дар маркази ноҳияи Рашт низ чанд иншоот бунёд кардаанд.
Чун рўз бегаҳ мешуд, ба самти биное, ки маъмурияти бозор ҷойгир аст, равон шудам. Дар назди утоқи кории Абдусамад Абдураззоқов тақрибан 20-25 нафар навбат мепоиданд. Ман низ ба анбўҳи корафтодагон ҳамроҳ шуда, ба сўҳбаташон гўш андохтам. Беҳуда нагуфтаанд, ки «ҳар зоғеро як доғе». Ҳар яке аз дарди худ ҳарф мезад. Касеро бародараш бемор шудасту бояд барои табобат ба Ватан фиристад, вале барои ин кор маблағаш кифоят намекунад.
Дигаре се моҳ ин ҷониб сарсон асту кор пайдо карда наметавонад. Саввумӣ барои пардохтани маблағи «патент»
имкон надорад…
Аз ҳозирин узр пурсида, ба утоқи кории Абдусамад Абдураззоқов ворид шудам. Ў ҳамроҳ бо Раиси ташкилоти ибтидоии ҲХДТ «Иттиҳод» Саидбек Мирзомуддинов бо чанд нафар корафтодагон сўҳбат дошт.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо