ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
- Аслан, барои ҳалли мушкилоти молиявии ин бародарону хоҳароне, ки дар паси дар дидед, ба ҳайси корманди маъмурият масъул нестам,- баъд аз ҳолпурсӣ гуфт Абдусамад Абдураззоқов, - вале чи кунем, ки эҳсоси ҳамватанӣ ба хусус дар ғурбат аз ҳар гуна вазифа болотар меистодааст.
Гарчанде мо беш аз бист сол аст, ки дар Русия зиндагӣ мекунем, ҳанўз урфу одати миллии худ, яъне дар ҳоли дармондагӣ ба якдигар ёрӣ расониданро фаромўш накардаем, вагарна дур аз ватан тоб овардан ба сахтиҳои мусофират ғайриимкон аст…
Бале, бузургон беҳуда нагуфтаанд «Об агар садпора гардад боз бо ҳам ошност». Ҳамин эҳсоси ватандориву ойини неки миллати соҳибтамаддуни мо, ки ҳатто дар ғарибӣ таърих, фарҳанг, забон ва суннатҳои миллии худро фаромўш намекунанд, имкон медиҳад, ки дар хоки бегона низ бегазанд рушд кунанд ва пароканда нашаванд.
Таъми нўшобаи ватанӣ дигар аст…
Одатан вақте, ки ҳамватанони мо ба кишвари бегона сафар мекунанд, вобаста ба мавсими сол ҳар гуна меваҳои хушлаззати ватаниро савғотӣ мебаранд. Банда низ чанд хел меваи хушк ва лимўи хушлаззати Қумсангирро барои тўҳфа бурдам. Вақте ки аз Маскав ба яке аз шаҳрҳои дигари Русия занг задаму аз омаданам хабар додам, пурсиданд, ки аз Ватан чӣ овардӣ? Гуфтам лимў. Афсўс хўрданд, ки агар омадантро медонистем хоҳиш мекардем, ки ҳатман «Арси-кола» низ биёрӣ. Ростӣ ҳайрон шудам ва аз як нафар дўстон пурсидам, ки дар маркетҳои Русия колаву пепсӣ ва шарбатҳои ранг ба ранг мефурўшанд-ку? Дўстам бо табассум посух дод, ки ҳамаи инҳо маззаи «Арси-кола»-ро надоранд. –Умуман ин кори ислоҳшаванда аст, - илова кард ў,- «Арси-кола»-ро метавонӣ аз баъзе нуқтаҳои савдои «Тёплий стан»-и шаҳри Москва пайдо кунӣ, қимматаш гаронтар аст, вале ҳароина ин ягона роҳи ҳалли мушкилист.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо