Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Аз маркази савдои «Теплий стан» ба унвони савғот чанд адад «Арси-кола» гирифтаму сафари худро ба дигар шаҳрҳои Русия идома додам.
Ҳангоми бозгашт ба Ватан, дар ҳавопаймо таваҷҷуҳ кардам, ки воқеъан ҳам ҳамватанони муҳоҷири мо аз стюардессаҳо бештар овардани нўшокии «Арси-кола» ва ё дигар обҳои ватаниро хоҳиш мекарданд. Вақте мебинӣ, ки то кадом андоза ҳамватанони мо ташнаи обу хоки ватананд, беихтиёр ҳиссиёти гуворое туро фаро мегирад. Ватане, ки чунин фарзандонро дар оғўшаш парвардааст, ҳеҷ гоҳ мағлуб нахоҳад шуд…
Маскав, с. 2016

ДАР ҶУСТУҶЎИ ЮСУФИ «ГУМГАШТА»
ва ё чаро осорхонаи Ҳоҷӣ Юсуфи Мирфаёз ба харобазор табдил ёфтааст?

Дер боз мехостам осорхонаи ин шахси бузургро, ки яке аз ихтироъкорони дақиқтарин глобус маҳсуб мешавад, зиёрат кунам, вале имкон даст намедод. Ниҳоят, чанде қабл бо сафари хидматӣ ба шаҳри Хуҷанд омадаму яке аз дўстони рўзноманигорам Абдусабур маро дар ин амри хайр ҳамроҳӣ кард. Гумон мекардам, ки осорхонаи мазкур қадамҷои мардум асту мо метавонем онро ба зудӣ пайдо кунем. Вале ҳайҳот… Чанд нафар аз бародарони аҳли фарҳанг, ки аз тариқи телефон тамос гирифтем, намедонистанд, ки осорхона дар кадом хиёбон ва ё кўчаи шаҳр мустақар аст.
Ноилоҷ ба яке аз аберагони Ҳоҷӣ Юсуф, ки дар шаҳри
Душанбе зиндагӣ дорад, занг зада, суроғаро пурсон шудам: - Кўчаи Шўро 52,-ҷавоб дод ў,- вале медонед, беҳтар аст, ки он ҷо наравед.

пешина
аз 601
навбатӣ