ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Чанде қабл мо рафта будем ва хеле бо табъи хира баргаштем. Хонаи бобои машҳури мо ба осорхона не, балки бештар ба харобазор шабоҳат дорад.
Боварам наомад. Наход хонаи яке аз олимони машҳури тоҷик, табиатшинос, ҷуғрофидон-харитасоз, донандаи улуми нуҷум, кайҳоншиносӣ, дорусоз, табиб, мироб ва шахсе, ки яке аз дақиқтарин глобусҳоро таҳия кардаасту шўҳрати ҷаҳонӣ дорад, ба харобазор табдил ёфта бошад?!
Ҳоҷӣ Юсуф дар баробари Аҳмади Дониш аз беназиртарин олимон ва адибони Осиёи Марказӣ буд, ки Императори Русия ба Санкт-Петербург даъват карда, дар ҳузури дарбор шахсан аз ҷониби худи ў бо медал ва тўҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шудааст. Ҳамин фикр маро азоб медод, ки чаро хизматҳои арзандаи шахсеро, ки дигарон қадр карданд, мо – ҳамватанонаш фаромўш кардаем?
Побанди хаёлу андешаҳои маҳзун ҳамроҳи Абдусабур ба кўчаи Шўро ворид шудем. Кўчаи Шўро дар маркази Хуҷанди қадима қарор дошта, кўчаҳояш хеле танг аст ва дар он ҳанўз аҳён-аҳён ҳавлиҳои кўҳнабунёд ба назар мерасанд. Гоҳ пиёдаву гоҳ савора хона ба хона рақамҳоро аз назар мегузаронидем, вале тўли беш аз як соати ҷустуҷўҳо хонаи рақами 52 ҳеҷ ба назар намерасид. Гўё рўҳи поки Ҳоҷӣ Юсуфи Мирфаёз аз муносибати сарди мо – меросхўронаш сахт ранҷида буду осорхонаи (саҳеҳтараш вайронаи) худро аз назарҳо пинҳон мекард. Аз чанд нафар пиру ҷавон суол кардем, ки хонаи Ҳоҷӣ Юсуф Мирфаёзи Хуҷандӣ, ки ихтироъкори глобус аст, куҷост, аксарият китф дарҳам мекашиданд. Пас аз хеле саргардониҳо гузорамон аз паҳлўи чойхонае афтод, ки чанд нафар мардони солхўрдаи содиқ ба анъанаҳои суннатӣ бо завқ шоҳмот мебозиданд. Абдусабур, ки сахт хаста шудани маро эҳсос мекарду илова бар ин, баъд аз кор боз думболи «хоста»-ҳои мани сайёҳ саргардон буд, хеле хурсанд шуд. – Ана инҳо аниқ медонанд, ки осорхона дар куҷост…

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо