Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Ў иштибоҳ накард. Мўйсафедони саргарми шоҳмотбозӣ бо таҳайюр ба ҷониби мо, ду меҳмони нохонда, ки ба шуғли дўстдоштаашон халал расонда буданд, нигоҳ мекарданд. Яке аз онҳо аз суоли мо рамуз гирифту лаҳзае аз шоҳмотбозӣ фориғ шуда гуфт: - Мирфаёзи Хуҷандӣ?
Ҳмм… Шояд манзури шумо Ҳоҷӣ Юсуфи Мироб бошад?
Бале, ў бештар дар байни мардум бо ин ном маъруф аст…
«Хона-музей»-и он кас дар тангкўчаи дуввум, пас аз ҳамин чойхона воқеъ аст…
Мо ба мўйсафедони соҳибдил изҳори сипос намудему дарҳол ба манзили мақсуд шитофтем. Воқеан ҳам, дар тангкўчаи дуввум назарамон ба дарвозаи қадимаи чўбин афтод, ки равоқи он бо ҳарфҳои арабӣ кандакорӣ шуда буд. Яке аз ҳамсояҳо, ки садои моро шунида берун баромад, дарвозаро боз кард ва моро даруни ҳавлӣ ҳидоят намуд. Чун рўз бегоҳӣ шудаву ба қавли мардум «вақти говгум» расида буд, чароғаки мобилиро рўшан ва роҳрави дарозро убур карда вориди ҳавлӣ шудем. Ҳайҳот, ки дар ин вайрона асаре аз осорхона набуд. Ҳама чиз шикаставу валангор, фарши ҳавлӣ фурў рафта ва ҷо-ҷо партовҳои паҳну парешон…

  • Чанд муддат ин ҷо хобгоҳи омўзишгоҳи тиббӣ ҷойгир буд, гўё худи Ҳоҷӣ Юсуф пеш аз марг васият карда буданд, ки хонаашонро ба мактаб табдил диҳанд, - бо хиҷолат гуфт ҳамсоя. Ин шикастурехту партовҳо низ «мерос»-и ҳамон омўзишгоҳ аст…
    Ба меҳмонхона баргаштаму бо вуҷуди он, ки хаста шуда будам, то дергоҳ хобам намебурд. Андешаҳо маро ором намегузоштанд. Чаро имрўз дар ҷомеаи мо эҳтироми як-ду муллои чалласавод болотар аз олиму адиб аст?
    Олимеро, ки сарашро дар маъбади илм сафед кардааст, то ҷомеа пеш равад, бо тамасхур «малем» гўён садо мекунему муллоеро, ки ду-се ояти Қуръони Каримро қориазёд карда «мефурўшад», «тақсир», «ҳазрат», «шайх» унвон намуда, пеши ў сари таъзим фуруд меорем?
пешина
аз 601
навбатӣ