Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Барои найрангбозоне мисли Шайх Темур қасру кўшкҳо месозему осорхонаи Ҳоҷӣ Юсуфи Мирфаёз барин олимони соҳибкитоб ва шўҳрати ҷаҳонӣ доштаро ба харобазор табдил медиҳем?

Мулоқот бо аберагони Ҳоҷӣ Юсуф Баъд аз ба Душанбе баргаштан тасмим гирифтам, ки қазияи осорхонаи Ҳоҷӣ Юсуфро пайгирӣ кунам. Бо ин мақсад бо набера ва аберагони Ҳоҷӣ Юсуфи Мирфаёз тамос гирифтам.

  • Шояд зарурат надорад, - овози маҳзуне аз гўшаки мобилӣ садо дод; –Мо борҳо ба мақомоти масъул муроҷиат кардем, даҳҳо мақолаҳо ҳам дар матбуоти даврӣ дарҷ шуданд, вале ҳеҷ яке суд накард. Осорхона чи хеле ки валангор буд, ҳамин тавр боқӣ монд…
    Ҳароина истодагарӣ кардаму ба мулоқоташон рафтам. Наберагону аберагони Ҳоҷӣ Юсуф маро дар ҳавлии хоксоронае истиқбол гирифтанд.
  • Мо даъвогар нестем, ки ҳавлии бобоиямон ба мо баргардонида шавад, - нақл кард набераи Ҳоҷӣ Юсуф Муҳаббат Пўлодова. - Мо танҳо ҳаминро мехоҳем, ки ин манзили муқаддас, ки ба тамаддун чунин шахсияти бузургро тақдим кардааст, обод шавад. Ба осорхонаи ҳақиқӣ табдил ёбад, то насли ҷавон ба он ташриф оварда, кору фаъолияти ин абармарди илмро омўзанд. Завқи илму маориф дар дилашон ҷўш занад ва ин манзил ба мактаби бузурги дарси хештаншиносӣ табдил ёбад. Охир Ҳоҷӣ Юсуф бузургтарин корҳои худро дар маҳдудаи ҳамин чаҳордевор анҷом додааст. Чаро он бояд вайрону валангор бошад?
    Наход иқдоми созандаи Президенти кишвар, Пешвои миллат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки номи садҳо шахсиятҳои бузургро аз нав эҳё кард, осори онҳоро нашр намуд ва ба онҳо ҳаёти дубора бахшид, ба баъзе мансабдорони соҳибмақоми мо дарси ибрат намешавад?
пешина
аз 601
навбатӣ