Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Чанд сол қабл, дақиқтараш соли 1995 собиқ Раиси вилояти Суғд Қосимҷон Раҳбарович (Роҳбар Қосим) барои таҷлили 155-солагии Ҳоҷӣ Юсуф ва 100-солагии глобусе, ки ў таҳия намудааст, конфронси илмӣ даъват намуд.
Худи ҳамон сол бо талошҳои ў дар «Хиёбони ситораҳои Хуҷанд» нимпайкараи Ҳоҷӣ Юсуф гузошта шуд ва ягона глобусе, ки дар осорхонаи Самарқанд маҳфуз аст, нусхабардорӣ ва дар осорхонаи шаҳри Хуҷанд насб гардид. Аз ҳама муҳим, ў хобгоҳи Омўзишгоҳи тиббиро аз ҳавлии Ҳоҷӣ Юсуф ба дигар ҷой кўчонида, барои таъсиси осорхона замина фароҳам овард. Вале… - ў як даста коғазҳоро аз папка бароварда рўи миз гузошт, - баъдтар кор дар ин самт боз кашол ёфт…
Коғазҳои бо мурури замон зардшударо як-як варақ мегардонам. Қарори Совети вазирони РСС Тоҷикистон (аз 31 декабри соли 1971, № 408), ки дар он хонаи Ҳоҷӣ Юсуф таҳти рақами 44 ҳамчун ёдгории таърихӣ-меъмории дараҷаи ҷумҳуриявӣ ба қайд гирифта шудааст. Мактуби Вазорати фарҳанг ва иттилооти Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 24.05.1996,№1/431) бо имзои вазири вақт Б.А.Маҳмадов ба Ҳукумати вилояти Ленинобод ва Ҳукумати ш. Хуҷанд доир ба таъсиси осорхонаи Ҳоҷӣ Юсуф дар заминаи хонае, ки ў зиндагонӣ мекард. Мактуби Вазири фарҳанг ва иттилооти Ҷумҳурии Тоҷикистон Б. Маҳмадов (аз 16.08.1996, № 1/741) доир ба роҳ надодан ба хусусигардонии осорхона дар асоси муроҷиати набераи Ҳоҷӣ Юсуф олими геолог М. Пўлодова, ки меросхўри бевоситаи ў маҳсуб мешавад.
Қарори Раиси вилояти Ленинобод (21.04.1998, № 92) «Дар бораи абадӣ гардонидани хотираи олим, сайёҳи машҳури тоҷик Ҳоҷӣ Юсуф ва садсолагии ихтирои глобуси ў» (дар асоси қарори мазкур 3 миллиону 500 ҳазор маблағ ҷудо шудааст).

пешина
аз 601
навбатӣ