Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Ва ниҳоят… Мактуб бо имзои мудири бахши фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш. Хуҷанд (таърих ва рақам надорад) ба сокини шаҳри Душанбе, хиёбони Рўдакӣ – Пўлодова Муҳаббат оид ба он, ки мутобиқи пешниҳоди муаррих, профессор С.Маърофиев барои бунёд ва азнавсозии осорхонаи Ҳоҷӣ Юсуфи Мирфаёз соли 2011 аз буҷети Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.
Хуҷанд 19 980 сомонӣ ва соли 2013 аз ҳисоби буҷети дахлдори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон 65 000 сомонӣ маблағ ҷудо ва сарф шудааст. (?!) Дар мактуб инчунин иттилоъ дода мешавад, ки соли 2014 низ дар осорхона таъмир идома ёфта, дар он «як конфронси калони илмӣ бо иштироки олимони Федератсияи Русия, ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон ва Академияи илмҳои Тоҷикистон баргузор хоҳад шуд». Аз ҳама аҷибаш ин аст, ки дар поёни мактуб (шояд ба хотири дилбазан шудани ин баҳс) таъкид шудааст: «Бо Шумо тариқи телефонӣ гуфтугў карда шуда, доир ба иқдомҳои пешгирифта маълумот дода шуд. Ва Шумо бо шодмонӣ онро пазироӣ намудед.»
Аммо… Ба чеҳраи маҳзуни фарзандони Ҳоҷӣ Юсуфи
Мирфаёз назар афкандаву вайронаҳои «осорхона»-и ин олими маъруфро ба хотир оварда, дарк кардам, ки ин маблағҳои он замон хеле ҳангуфт ба ҷуз рўйи коғаз, ки ягона «санад» барои ҳисобот аст, ҷои дигаре сарф нашудааст.
Медонед, солҳои охир моро чӣ ба ташвиш овардааст?

  • оҳ кашид абераи Ҳоҷӣ Юсуф Светлана Фаязова. - Замини ҳавлӣ аз ҷониби баъзе ашхос, намедонам бо иҷозаи кӣ бошад, ғасб гардида, масоҳати осорхона рўз то рўз танг шуда истодааст.
пешина
аз 601
навбатӣ