Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Ҳоҷӣ Юсуф Мирфаёзи Хуҷандӣ кӣ буд?
Бо мақсади он, ки хонандаи азиз дар бораи Ҳоҷӣ Юсуфи Мирфаёз андаке маълумот пайдо кунад ва барои баъзе ниҳодҳои масъул бори дигар ин ёдрас шавад, дар маҳдудаи чанд сатр аз ҳаёт ва фаъолияти ибратбахши ў иттилоъ медиҳам:
Соли 1842 дар ш. Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Падараш соҳиби коргоҳи абрешимресӣ буд. Мавсуф дар сафари ҳаҷ вафот мекунад ва Ҳоҷӣ Юсуфро дар синни шашсолагӣ бесаробон мемонад. Ҳоҷӣ Юсуф, ки дар дил завқи зиёд ба саёҳат ва ҷаҳонгардӣ дошт, дар сини дувоздаҳсолагӣ бо мақсади зиёрати қабри падараш ба корвони тоҷирони хуҷандӣ ҳамроҳ шуда, ватанро тарк мекунад. Вале бо амри тасодуф дар хоки Арабистон аз корвон оқиб мемонад. Як нафар зоири тоҷик ба ҳоли кўдаки сарсону бепарастор раҳмаш омада, ўро зери ҳимояи худ мегирад. Ҳоҷӣ Юсуф дар яке аз маъруфтарин мадрасаи Қоҳира – «Ал-Азҳар»
панҷ сол таҳсил ва ба хотири такмили дониш чанд соли дигар ба сифати устоди ин боргоҳи илм фаъолият мекунад.
Дар синни 24-солагӣ ҳавои дидори Ватан бар дилаш асар мекунад ва ба шаҳри Хуҷанд бармегардад. Чанд муддат бо илмҳои дақиқ шуғл меварзад, вале ин саргармии ў ба рўҳониёни ҷоҳил хуш намеояд. Ҳоҷӣ Юсуф бо муллоҳои мутаассиб, ки мағзашон бо хурофот заҳролуд гардида буд, муборизаҳои шадид мебарад, то чароғи илму маърифатро дар диёраш рўшан кунад. Вале муллоҳои ҷоҳил ба ў тахаллуси «Ҳоҷӣ Кофир» дода, вазъияташро хеле танг мекунанд.
Ҳоҷӣ Юсуф маҷбур мешавад, ки дубора тарки Ватан кунад ва соли 1875 ба шаҳрҳои Оренбург, Маскав ва Санкт-Петербург ҳиҷрат кард. Ў дар ин давра зиёд кўшиш кардааст, ки забон, адабиёт, таърих ва дигар илмҳои муосири русро фаро бигирад. Дар ин сафар, ки тақрибан 12 сол идома меёбад, Ҳоҷӣ Юсуф ба кишварҳои Туркия, Эрон, Сурия Миср, Марокаш, Алҷазоир, Юнон, Италия, Испания, Фаронса, Инглистон ва Олмон саёҳат мекунад.

пешина
аз 601
навбатӣ