Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Ў дар синни 45-солагӣ боз ба Ватан бармегардад. Азбаски аксарияти кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ҳайати Русияи подшоҳӣ шомил гардида буданд, ў ба ҳайси мутахассис дар вазифаҳои мухталифи маъмурӣ, аз ҷумла муҳандиси соҳаи обёрӣ – мироб, волии баъзе навоҳии уезди Хуҷанд ва ҳатто мири Хуҷанд фаъолият намудааст.
Ин олими маъруф, ки сатҳи иштиҳораш ҷаҳонӣ аст, соли 1924 дар 24-солагӣ оламро падруд мегўяд. Қабл аз вафоташ ба фарзандонаш васият мекунад, ки мероси илмиашро ба давлат супоранд ва бигзор Ҳокимияти Шўроӣ дар хонаи ў барои фазандони мардуми камбағал мактаб кушояд. Ин васияти ў ҷомаи амал мепўшад.

Глобуси Ҳоҷӣ Юсуф
Тавре ки дар боло зикр намудем, Ҳоҷӣ Юсуф олими мутафаннин буд ва дар рушди соҳаҳои тиб, табиатшиносӣ, харитасозӣ, нуҷум, риёзиёт, сарфу наҳв, адабиёт, мусиқӣ ва соҳаи обёрӣ (ирригатсия) кашфиётҳои нодир кардааст. Ў тақрибан 11 адад глобусҳои хурду калон сохтааст.
Яке аз глобусҳои тартибдодаи ў ҳоло дар осорхонаи Самарқанд ва нусхаи он дар осорхонаи шаҳри Хуҷанд маҳфуз аст. Ҳоҷӣ Юсуф дар обёрии заминҳои бекорхобидаи водии Фарғона, аз ҷумла уезди Хуҷанд саҳми арзишманд гузошта, аз ҷониби Пристави уезди Хуҷанд бо камарбанди нуқракўб ва дар пойтахти Русияи подшоҳӣ – шаҳри Санкт-Петербург бо медали «Мироби дараҷаи II» тақдир шудааст.
Барои таҳияи глобус нахуст аз ҷониби губернатори Самарқанд, баъдтар генерал-губернатори Туркистон қадрдонӣ шудааст ва бо тавсияи онҳо ба Санкт-Петербург сафар карда, дар Сарское Село (қароргоҳи шоҳӣ) ба дидори Императори Русия мушарраф гардидааст.

пешина
аз 601
навбатӣ