Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Глобуси нахустин тақрибан беш аз 150 сол қабл аз солшумории мелодӣ аз ҷониби Кратет Маллскии Юнонӣ таҳия шудааст. Дар олами шарқ аз нахустин ихтироъкорони глобус Ҷамолуддини Бухороӣ ва Абўрайҳони Берунӣ маҳсуб мешаванд. Аз қадимтарин глобусҳое, ки то имрўз маҳфуз мондааст, глобуси машҳур бо номи «Себи заминӣ»
аст, ки ҷуғрофидон ва харитасози маъруфи немис Мартин Беҳайм соли 1493 дар асоси харитаи Птоломей ва сайёҳ Марко Поло тартиб додааст.
Ба арзиши илмии глобуси Ҳоҷӣ Юсуф аъзои Ҷамъияти ҷуғрофишиносии Русия, ки он замон яке аз марказҳои босалоҳияти илмии Аврупо маҳсуб мешуд, баҳои баланд додаанд.

PS: Вақте ки ин мавод таҳия мешуд, яке аз дўстони аз қазия огоҳ тариқи телефон бо ман тамос гирифт: - Медонӣ, ҳоло аз тариқи телевизион чӣ навори аҷиберо дидам? Дар бораи осорхонаи Хуҷанд сужаеро намоиш доданд, ки муаллиф глобуси Ҳоҷӣ Юсуфро ба Абў Маҳмуди Хуҷандӣ (асри XI ) нисбат медод…
Равонат шод бод, Ҳоҷӣ Юсуфи Мирфаёз… Шояд тақсири мо, авлодони носипосатро рўзе бубахшӣ…
Хуҷанд, с.2014

АЗ МОҶАРОИ «БЕНДЕРӢ»
ТО ҶОИЗАИ «ГЕНДЕРӢ»

Чанд рўз қабл як нафар ҳампешаам, ки дар яке аз сайтҳои маъруфи кишвар ба ҳайси рўзноманигор фаъолият дорад, ба утоқи кориам ворид шуд:

пешина
аз 601
навбатӣ