Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан
  • Мехоҳам ба Шумо бо як суол муроҷиат кунам, хоҳиш мекунам мухтасар ба таври «ҳа» ё «не» посух диҳед…
    Шўхиомез гуфтам:
  • Ин тарзи суолу ҷавоб муҳокимаи судӣ барин-ку, бо иҷозаи Шумо шояд ман ғайр аз «ҳа» ё «не» боз чизи дигаре бигўям?
    -Хайр… ихтиёр доред,- баъд аз каме андеша гуфт ў.
    Манзур аз муқаддимаи ман ин буд, ки дирўз ба хонум Ойниҳол Бобоназарова дар бинои Вазорати умури хориҷаи ИМА хонум Мишел Обама ҷоизаи «зани шуҷоъ» -ро дод, оё ҳафтаномаи шумо ин масъаларо инъикос мекунад?
  • Чаро не? Мо бо шахси муаллима ҳеҷ мухолифате надорем… Ҷоизаро низ барои муаллима, ки ба ҳайси як ҳуқуқшиноси варзида эътироф шудаанд, муборак мегўем.
    Вале….
    Қазияи Украина пеши назарам меояд. Аслан… шояд ин гирудорҳо ба мо ҳеҷ иртиботе надошта бошанд. Шояд мардуми украинӣ, ки ватанаш зери панҷаи оҳанини фасод нафасгир шудааст, ҳаққи ин эътирозро доранд. Шояд Янукович бо сиёсати заифи худ Украинаро ба ҳамин ҳолат гирифтор кард ва имрўз ҳосили кишташро медаравад…
    Метавон «бояду шояд»-ҳои зиёдеро мисол овард, аммо маро ба кадом васила ва бо «раҳнамоӣ»-и кӣ ба ҳадаф расидани майдоннишинҳо хеле нигарон кардааст. Ҳодисаҳои «Баҳори араб»-ро ба хотир меораму байни он ва сенарияи Украина ҳеҷ тафовутеро намебинам. Магар ин, ки Ҳусни Мубораку Қаззофию Башор Асад ҷон ба гарав монда фирор накарданду Янукович устокорона ғайб зад.
    Имрўз пиромуни ин қазия, ки дар маркази Аврупо як нуқтаи доғро эҷод кард, суолҳо зиёданд. Чаро намояндагии дипломатии ИМА ва Иттиҳоди Аврупо рўшод ба кори дохилии як давлат дахолат карданд? Чаро баъд аз замонат додани ҳамин дипломатҳо ба Президенти Украина рўзе пас табаддулоти давлатӣ ба амал омаду инро нодида гирифтанд?
пешина
аз 601
навбатӣ