ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Чаро намехоҳанд таҳқиқ бикунанд, ки нахустин тирро, кӣ файр кард? Ва ниҳоят, сари қудрат омадани пайравони миллатгарои фашист Бендера ва нақзи ҳуқуқу озодиҳои аҳолии ҷануби Украина чаро дастандаркорони Ғарбро ба ташвиш намеорад? Ва ё эшон ҳароина аз рўи мақоли «барои ба ҳадаф расидан ҳама гуна восита хуб аст», амал мекунанд?
Чаро не..? Чун ин фарзия далели раднопазири худро дорад. Мо борҳо шоҳиди он гардидаем, ки ҳамон «Ал- Қоида»-ву «Ихвон-ул-муслимин», ки ба номаи аъмолашон мўҳри «террорист» зада шудаасту дар Афғонистон алайҳи эшон мубориза мебаранд, дар Мисру Сурия «қувваҳои озодихоҳ» эътироф шудаанд ва аз ҳама гуна кўмаки ҳарбӣ бархурдоранд. Пас, барои чӣ неофашистони украинӣ, ки ба марги ҳазорон русу лаҳистонӣ гунаҳкоранд, дар ҳоли зарурат ба «қувваҳои демократӣ» табдил наёбанд? Пас чаро Юлия Тимошенко, ки муаллифи «инқилоби нилобӣ»
асту дар давраи ҳукуматаш Украина боз бештар гирифтори вартаи фасод шуд, ҷоизаи «зани шуҷоъ»-ро нагирад?
Имрўз Русияи бузург билохира пешорўи таҳдиду таҳримҳои Ғарб, ки мехоҳад низоми давлатдории онро барҳам занад ва ҳамакнун то сарҳадаш расидааст, танҳо мондааст. Шояд ин кишвари бузург агар то имрўз бо шарикони стратегии худ бо лаҳни тунд ҳарф намезаду ба онҳо гирифта аз манъи маҳсулоти кишоварзӣ то ширу паниру қанфит ва ё нақзи ҳуқуқи муҳоҷирон кор намегирифт, пешорўи ин тааҳудот танҳо намемонд? Шояд он ҳашт миллиард кўмаки дермондаро соле пеш ба Украина медод, ҳамин ҳолат сар намезад? Бояд, ки Русия сиёсати хориҷии худро баъд аз ин бо шариконаш андаке тағйир диҳад. Ҷилави неофашистони худро, ки аз таълимоти ҳомиёни фашизме мисли Бендера обишхуре доранд ва озодона ба ҳар амали зиддинсонӣ даст мезананд, кашад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо