ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Вагарна собит шуд, ки бо маймунбозиҳои псевдосиёсатмадороне мисли Онишенко ва Жириновский ҳеҷ мақсуд ҳосил намешавад…
Ҳароина, дар ин қазия мавқеи Русия нисбат ба иддаои кишварҳои Ғарб дар баҳси Украина солимтар ба назар мерасад. Русия маҷбур аст манфиатҳои иқтисодӣ ва муносибатҳои хуби дипломатии худро бо Ғарб, қурбони манфиатҳои геополитикиаш кунад. Пешорўи таҳдидҳои олами Ғарб, ки манфиатҳои ўро нодида мегирад, ин ягона кафолати таъмини амният ва ҳимояи ҳуқуқҳои мардуми русзабони Украина аст. Русия яқинан дарк намудааст, ки дар ин «бозӣ» дигар ҳуқуқ надорад қадаме ба қафо гузорад…
Боз бармегардем сари ҷоизаи «Зани шуҷоъ». Агар
ИМА ин гуна ҷоизаро ба заноне мисли Ходими Ҷамолак (бигзор, баъд аз сад сол), ки фаранҷиашро парчам карда, барои ҳимояи бардаҳои мардикори тоҷик (имрўз гостарбайтер) алайҳи жандармҳои рус исён бардошт, медод ва ё модарони зиндаёдеро, ки дар ҷанги шаҳрвандӣ рўмолашонро сари роҳи гурўҳҳои даргир афканда, худро қурбон карданд, бонувонеро, ки аслан рисолаташон тарбияи фарзанд буд, вале либоси низомӣ ба бар намуда, дар ҷабҳаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҷон бохтанд, бо ин ҷоиза қадр мекард, шояд арзиши он пеши ман дучанд мебуд…
Қаҳрамони миллӣ шахсест, ки миллат эътироф намудааст, на оне, ки ба таври сунъӣ бо дасти хориҷиён ба ин мартаба «таъин» шудааст. Номи чунин ашхос ҳатто дар зиндагиашон фаромўш мешавад, мисли ҷойнишинони Саддам Ҳусейну Муаммар Қаззофӣ, ки ҳатто рўзноманигорони амрикоӣ ғалат ном мебаранд.
Ва ниҳоят… Мо дар арафаи мулоқоти Роҳбари давлат бо зиёиёни кишвар қарор дорем. Рўзҳои охир доир ба саҳми зиёиёни мо дар бунёд ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ дар матбуоти кишвар баҳсҳои мухталиф сурат мегиранд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо