Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Шояд хизматҳои арзандаи баъзе аз зиёиёнро комилан нодида гирифтан аз рўи адолат нест. Вале дар маҷмўъ ҳанўз таъсири эшон ба қишрҳои ҷомеа ба таври дилхоҳ муассир нест. Бояд инро иқрор кард. Фаразан ман як тадқиқот ва ё асари бадеиеро надидам, ки ҳадаф, таълимот ва ё психологияи гурўҳу фирқаҳои иртиҷоӣ дар он ба таври густурда таҳлил ва бозгў шуда бошад, то ҷавононро раҳнамо шавад, то эшон мадрасаҳои музофотии Покистону Арабистонро бар донишгоҳҳои маъруф тарҷеҳ надиҳанд…Вагарна дер ё зуд дар ҷомеа қувваҳое пайдо хоҳанд шуд, ки бо луқмаи коргардонҳои «инқилобҳои рангин» салафию таҳририҳоро ҳамчун «қувваҳои демократӣ» муаррифӣ хоҳанд кард…
Душанбе, марти с. 2014

ЭЪЛОНИ ТАҲРИМ (САНКЦИЯ)
МЎД МЕШАВАД...

Эълони таҳрим аз ҷониби як давлат нисбати давлати дигар таърихи садсолаҳо дорад. Кишварҳо пайваста кўшиш намудаанд, ки ба тараққиёти кишварҳамсоя аз тариқи таҳрим таъсир расонанд. Вале ин амал на ҳамеша натоиҷи дилхоҳ додааст.

НАХУСТИН таҳрими иқтисодӣ ҳанўз дар Рими қадим аз ҷониби Афина алайҳи яке аз вилоятҳои он Мегара соли 423 қабул шудааст. Афинагиҳо ба савдогарони Мегара аз бандару бозорҳои худ истифода бурданро манъ намуданд.
Ин иқдом ба ҷанги хунине, ки дар таърих бо унвони ҷангҳои Пелопоннес машҳур шуданд, замина гузошт. Наполеон Бонопарт низ барои заиф кардани иқтисодиёти Британияи Кабир якҷоя бо кишварҳое, ки дар итоаташ буданд нисбати он таҳрим эълон карда буд.

пешина
аз 601
навбатӣ