Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Соли 1973 кишварҳои Араб вуруди нафтро ба ИМА ва кишварҳои Аврупо барои дастгирии сиёсати Изроил манъ карданд, ки ин таҳрим боиси буҳрони шадиди иқтисодӣ дар олами ғарб гардид.
Имрўз эълони таҳрим яке аз василаҳои муҷозоти кишварҳои саркаш маҳсуб мешавад. Фаразан, Федератсияи Русия нисбати баъзе навъҳои маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон бо баҳонаи бесифат буданашон таҳрим эълон карда буд, ки аслан заминаи сиёсӣ дошт.
ИМА яке аз кишварҳое ба ҳисоб меравад, ки таҳримро ҳамчун воситаи тазъиқ бештар истифода менамояд. Танҳо ҳамин сол ИМА беш аз 190 навъи таҳримро дастгирӣ намудааст. Гузашта аз ин, ИМА имкон дорад, ки яке аз наздиктарин шарикони стратегии худ Иттиҳоди Аврупоро низ ба эълони таҳрим водор созад.
Вале таҳрими охирини иқтисодие, ки ИМА дар робита бо Иттиҳоди Аврупо, Канада, Ҷопон ва Австралия нисбат ба Русия эълон кард, собит намуд, ки ин амал нисбати кишварҳои бузург хосияти бумерангро дошта, баръакс ба иқтисоди худи кишварҳои таҳримгар таъсири манфӣ мерасонад. Баъд аз ҷавобан таҳрим эълон намудани Русия ба ин кишварҳо маълум гардид, ки бахши тиҷорат ва соҳибкории Иттиҳоди Аврупо миллиардҳо евро маблағро аз даст медиҳад.
Чанде қабл ба нишони эътироз мардуми кишварҳои мусалмон алайҳи маҳсулоти Изроил таҳрим эълон намуданд, ки якумин таҳрими густурдаи мардумӣ мебошад. Ин таҳрим эътироз алайҳи амалиёти ҳарбии Исроил дар Ғазза буда, дар натиҷаи он Исроил танҳо дар соҳили ғарбии рўди Урдун беш аз садҳо миллион доллар маблағро аз даст медиҳад. Таҳримгарони мардумӣ чунин меҳисобанд, ки истеъмоли маводи истеҳсоли Исроил ин баробар ба кўмаки молиявист, ки ба ишғолгарони хоки араб расонида мешавад.

пешина
аз 601
навбатӣ