ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Таҳрим имрўз ҷанги иқтисодиро мемонад, ки дар ҳоли пешгирӣ нашуданаш метавонад ба иқтисоди кишварҳо миллиардҳо доллар хисорот ворид намояд ва низоми муносибатҳои иқтисодии байналмилалиро барҳам занад.
Пас зарурат на ба Созмони умумиҷаҳонии савдо мемонаду на паймонаҳои дигар, ки ба хотири танзими муносибатҳои иқтисодии байни кишварҳо ихтисос дода шудаанд...
Душанбе, августи с. 2014
МАХФИТАРИН СИРИ ЧИН ДАР ОН АСТ,
КИ КОМИЛАН СИР НАДОРАД
Ҳамкориҳои ҲХДТ бо Ҳизби Коммунисти Чин самараи нек оварда, муносибатҳои дуҷониба давра ба давра тақвият меёбанд. Соли сипаригардида роҳбарияти ҲХДТ дар шаҳри Синайи ҶМХ бо Хазинаи Сулҳ ва рушди Чин шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид, ки дар заминаи он хазинаи мазкур ҷиҳати бо таҷҳизоту технологияи электронӣ муҷаҳҳаз намудани Литсеи байналмилалии Президентӣ корҳои назаррас анҷом дод. Мутобиқи шартномаи дигаре, ки ба имзо расидааст, то моҳи марти соли 2015 бо таҷҳизоти компютерӣ ва воситаҳои муосири электронӣ муҷаҳҳаз намудани Донишгоҳи омўзгории ба номи Садриддин Айнӣ низ дар назар аст.
Бозомўзии намояндагони васоити ахбори оммаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи халқии Чин, ки аз
24 октябр то 5 ноябр бо даъвати Хазинаи Сулҳ ва Рушди Чин сурат гирифт, идомаи ҳамин ҳамкориҳои мутақобилан судманди байниҳизбӣ маҳсуб мешавад. Дар ин самт низ дар назар аст, ки давоми соли 2015 ду гурўҳи мутахассисон дар бахши омўзиши технологияи муосири кишоварзӣ ва тиҷорати электронӣ барои бозомўзӣ ба Чин сафарбар карда шаванд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо