ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Курси бозомўзӣ, ки «Рушди муосири ВАО дар Тоҷикистон» унвон гирифта буд, дар радифи ташкили лексия, мусоҳибаву машғулиятҳои амалӣ аз ҷониби устодони маъруфи бузургтарин донишгоҳи Ҷумҳурии Халқии Чин ва мутахассисони варзидаи ин кишвар роҳандозӣ гардид.
Директори генералии Донишгоҳи халқии Чин Чин Юлу дар мулоқот бо ҳайати шунавандагони курс тақвияти муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Чинро самараи неки сиёсати роҳбарияти ин ду кишвар маънидод намуда, омодагии донишгоҳро ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор намудани курси бозомўзӣ дар бахши ВАО-и муосир изҳор намуд. Муовини раиси Хазинаи Сулҳ ва Рушди Чин Ху Шенсул маркази бозомўзӣ муқаррар шудани Донишгоҳи халқии Чинро ҷиҳати боло рафтани дараҷаи маҳорату малакаи шунавандагон созгор унвон карда таъкид дошт, ки таълимгоҳи номбурда аз пешқадамтарин донишгоҳҳои кишвар маҳсуб гардида, ба шунавандагони курси бозомўзӣ беҳтарин устодон лексия мехонанд.
Роҳбари гурўҳи ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Ҷамшед Саидов ташкили чунин чорабиниҳоро заминаи мусоиди густариши ҳамкориҳои дуҷонибаи халқҳои тоҷику хитоӣ унвон кард.
Субҳи 24 октябр дар бинои Хазинаи Сулҳ ва Рушди Чин мулоқоти ҳайати шунавандагони курси бозомўзӣ бо роҳбарияти Хазинаи номбурда баргузор шуд. Муовини дабири кулли Хазина хонум Юй Сяосюан зимни мулоқот хотироти неки худро аз сафараш ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мулоқоту суҳбатҳои самимӣ бо масъулини Дастгоҳи КИМ ҲХДТ ёдовар шуда, густариш ёфтани муносибатҳои дўстиро заминаи устувори рушду тараққиёти минбаъдаи кишварҳо арзёбӣ кард. Фонди мо чун хазинаи хайриявӣ фаъолият карда, то имрўз дар кишварҳои Мянмо, Кампучия, Муғулистону Покистон фаъолиятҳои башардўстона анҷом додааст.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо