ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Шумо бошед, чун намояндагони ВАО-и Ҷумҳурии Тоҷикистон нахустин шунавандаҳое мебошед, ки тавассути суҳбату мулоқот бо устодони донишгоҳу коршиносони сатҳи байналмилалӣ роҳҳои самараноки рушди минбаъдаи ВАО-и муосирро фаро хоҳед гирифт.
Суҳбат дар фазои кушоду ошкоро сурат гирифта, миёни намояндагони ВАО-и Тоҷикистон ва Хазинаи Сулҳ ва Рушди Чин саволу ҷавоб сурат гирифт.
Баъд аз мулоқоти самимӣ бо роҳбарони Хазинаи сулҳ ва Рушди Чин ҳайати меҳмонон дар телевизиони CCTV, ки яке аз бузургтарин телевизионҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин маҳсуб мешавад, бо фаъолияти аҳли эҷоди он аз наздик ошноӣ пайдо карданд. Мулоқот бо масъулини бахши иттилоотии ин шабака сирри муваффақияту комёбии аҳли эҷодию техникии шабакаи асосии ин кишварро то ҷое ошкор намуд. Экскурсия ба студияҳои мухталифи телевизиони номбурда имкон дод, ки ҳайати меҳмонон бо технологияи инноватсионии он ва тарзи корбарии ҳайати эҷодиву техникӣ шинос шаванд.
Машғулиятҳои лексионӣ ва амалии шунавандагони курси бозомўзӣ бевосита дар бинои таълимии Донишгоҳи халқии Чин сурат гирифт. Нахустин лектори курс, Котиби интернети давлатии Хадамоти Бюрои паҳнкунандагони хабарҳои интернетӣ дар Ҷумҳурии Халқии Чин Тся Тсюн дар мавзўи «Ташкил ва инъикоси воқеаҳои муҳим» суҳбати пурмуҳтаво анҷом дод.
Соли 1992 Ҳукумати ҶМЧ аз Ҳукумати ИМА хоҳиш менамояд, ки барои васл шудан ба шабакаи интернетӣ имкон фароҳам орад, вале ИМА бо баҳонаи он, ки ҳанўз дар Чин ҳукумати худкома дар сари қудрат аст, ин хоҳишро рад кардааст. Дар натиҷаи гуфтушунидҳои пайгирона танҳо моҳи апрели соли 1994 ба ҶМЧ муяссар гардид, ки ба шабакаи интернет васл гардад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо