Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Амрикоиҳо ин имкониятро танҳо ба яке аз ноҳияҳои Пекин бо унвони Чжунгуантсун, ки маркази инноватсия ва илму технологияи муосир маҳсуб мегардид, фароҳам оварданд. Танҳо худи ҳамон сол, дар Чин теъдоди истифодабарандагони интернет ба 50 000 расид. Имрўз беш аз 700 миллион нафар чинӣ истифодабарандаи фаъоли интернет ба ҳисоб мераванд, ки баробар ба 20% муштариён дар тамоми ҷаҳон аст.
Ҳукумати ҶМЧ интернетро ба ҳайси инфрасохтори муҳими давлатӣ эътироф намудааст. Имрўз хароҷоте, ки барои рушди интернет аз ҷониби давлат сарф мешавад, баробар ба 17% ММД (Маҷмўи маҳсулоти дохилӣ) аст.
Вале ин маблағҳои сарфшуда бо фоидаи ба маротиб бештар ба буҷаи давлатии Чин бармегардад. Чаро, ки феълан 99% аҳолии деҳоти Чин ба шабакаҳои интернетӣ ва мобилӣ шомил буда, беш аз 70% таҷҳизоти интернетӣ ва тақрибан 80% техникаи компютерӣ ва нотбуку планшетҳо дар ин кишвар истеҳсол мешаванд, ки аз он ба буҷаи давлатӣ маблағҳои зиёд ворид мегарданд.
Чиниҳо пайдоиши интернетро инқилоби ҷиддӣ дар соҳаи технологияи муосир мешуморанд. Ба андешаи онҳо баъд аз пайдо шудани интернет, дигар ҳаёти башарият низ ба куллӣ тағйир ёфтааст ва тараққиёти минбаъдаи аксарияти соҳаҳо бидуни интернет тасаввурнопазир аст. Ҷанбаҳои мусбӣ ва манфии интернет ҳамеша мавриди назар буда, ҷиҳати тақвият додани ҷанбаҳои мусбӣ ва коҳиши ҷанбаҳои манфии он чораҳои муассир андешида мешавад.
Мутобиқи таҳлили марказҳои таҳлилии Чин ҷанбаҳои мусбии интернет инҳо мебошанд: 1. Равобити байналмилалиро тақвият мебахшад; 2. Ҷумҳурии Мардумии Чин доир ба авзои ҷаҳон иттилооти бештар пайдо мекунад ва дар навбати худ ҷомеаи ҷаҳонӣ дар бораи Чин; 3.Интернет барои барҳам хўрдани пардаи оҳании байни Чин ва ҷомеаи ҷаҳонӣ мусоидат намуд.

пешина
аз 601
навбатӣ