Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Ҷанбаҳои манфии интернет бошад: 1. Олами ғарб имкон пайдо намудааст, ки тавассути интернет ба сиёсати Чин дахолат намояд; 2. Дуздидан ва нусхабардории технологияи Чин осонтар гардидааст; 3. Барои дар бораи Чин паҳн намудани ахбори дурўғ бештар мусоидат менамояд.
Мутасаддиёни баргузории курсҳои бозомўзӣ баҳри ҳар чи бештар ошноӣ пайдо кардани меҳмонон аз ҳаёти кишвар тадбирҳои зиёдеро роҳандозӣ намудаанд, ки қобили таҳсин аст. Саёҳат ба яке аз муъҷизаҳои ҳаштгонаи дунё – Девори бузурги Чин аз чунин иқдом буд, ки рамзи зиндаи тамаддуни Чини қадим ва намунаи беҳтарини санъати меъмории ин кишвар аст.
Машғулияти дувуми курси шунавандагон аз ҷониби ноиби президенти сомонаи машҳури ин кишвар Женминван Гуан Тсянвен таҳти унвони «Муҳимтарин хабарҳои сиёсӣ» гузаронида шуд. Тибқи иттилои номбурда дар Чин ба интернет арҷ мегузоранду аз он самаранок истифода мебаранд.
Боздид аз қасри императорҳои Чин, ки он бо унвони «Шаҳри мамнўъ» машҳур аст, баёнгари арҷгузории ин халқ ба тамаддуни олӣ ва фарҳангу таърихи ниёгон буда, қасру кўшкҳои императорони Чин, ки ҳар яке зери ҳимояи давлат қарор доранд, ба сайргоҳи сайёҳони хориҷиву дохилӣ табдил ёфтааст.
Мавзўи дигаре, ки бо муҳтавои худ диққати шунавандагонро ҷалб карда тавонист, «Инъикоси ҳодисаи муҳим дар барномаи ахборӣ» унвон гардида, аз ҷониби муовини сардабири Оҷонсии хабарии Чин бону Тан Хунвей пешниҳод гардид. Дар суҳбат бону Тан Хунвей таъкид кард, ки инъикоси воқеаи муҳим яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи ВАО мебошад ва пешниҳоди он аз маҳорату малакаи журналист ва гурўҳи эҷодӣ сахт алоқаманд аст. Дар суҳбат панҷ воситаи пешниҳоди мавзўъ баён гардида, ба гурўҳҳо ҷудо кардани хонандагон воситаи муҳими дастрасии мавод унвон карда шуд.

пешина
аз 601
навбатӣ