Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Профессори факултаи журналистикаи донишгоҳи номбурда Фан Тсзе барои шунавандагони тоҷик дар мавзўи «Факту рақам дар ахбор ва роҳҳои истифодаи он дар Чин» маърўза кард. Баъди пешниҳоди ҳарду мавзўи номбурда миёни устодону шунавандагон суолу ҷавоб сурат гирифта, шунавандагон ба пурсишҳои бешумори худ ҷавобҳои қаноатбахш гирифта тавонистанд.
Бо мақсади ошноии ҳар чи амиқтари меҳмонон бо ҳаёти мардуми Чин масъулин тибқи нақша шунавандагони курси бозомўзиро ба яке аз маҳаллаҳои оддии пойтахт Чжунгуантсун оварданд. Дар маҳаллаи номбурда, ки дар маркази шаҳри Пекин аст, танҳо шумораи донишгоҳҳои атрофи он ба 8 адад мерасад. Дар маҳалла маркази идораи хонаҳо фаъолият дорад, ки ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, коммуналӣ, чорабиниҳои фарҳангиву фароғатии сокинон таҳти сарпарастии маркази номбурда амалӣ карда мешавад. Дар назди маркази мазкур мафҳилҳои мухталиф амал намуда, сокинон, бахусус нафақахўрон соатҳои холии худро дар он мегузаронанд. Фаъолияти чунин марказҳо, ки сар то сари Чинро фаро гирифтаанд, хеле муассир мебошад.
Машғулияти панҷум аз ҷониби профессор, роҳбари илмии донишкадаи журналистикаи Донишгоҳи халқии Чин Гао Ган гузаронида шуд. Номбурда дар мавзўи «Тамоюли рушди наздикшавӣ (баҳамоӣ) ва ташаккули таъсири ВАО» маърўза намуд. Дар маърўза зикр гардид, ки имрўз тамоми ҷаҳон таҳти таъсири интернет қарор дорад.
Технологияи муосир то андозае пешрафта аст, ки имкон дорад, вайронаҳои Рими қадим бо роҳи барқарор кардани суробҳои он дар шакли асл мавриди тамошо қарор дода шавад.

пешина
аз 601
навбатӣ