ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Гугул дирўз ва имрўзро дар базаи худ ҷой додаасту дар оянда таҷҳизоти он кулли маълумоти бани башарро фарогир хоҳад шуд.
Боздид аз фаъолияти редаксияи рўзномаи Гуанмин Жибао барои кормандони васоити ахбори Тоҷикистон ҷолибу омўхтанӣ буд. Рўзномаи номбурда соли 1949, то таъсисёбии ҶМЧ нашр гардида, мавзўю муҳтавои он асосан ба зиёиён нигаронида шудааст. Дар рейтинги бузургтарин сайтҳои ҷаҳонӣ, рўзномаи электронии он ҷои 64-умро соҳиб буда, дар 37 минтақаи Чин ва бузургтарни кишварҳои ҷаҳон намояндагӣ дорад. «Эҳтироми ҳақиқат»
шиори рўзнома буда, кормандон онро гиромӣ медоранд.
Дар ин коргоҳи эҷодӣ 1200 нафар фаъолият дошта, дар як рўз то 100 миллион пайнависҳои муштариён (коментария) нашр мешаванд. Фаъолияти аҳли эҷод нерўи зиёди корӣ, техника ва таҷҳизоти муосир барои чопи саривақтӣ ва дастраси хонандагон гардонидани иттилои саривақтӣ самараи меҳнати дастаҷамъонаи аҳли эҷоди рўзнома аст.
Кормандони рўзнома аз он ифтихор доранд, ки ба бозсозии ҳукумати Чин баъд аз «инқилоби фарҳангӣ» маҳз бо талошҳои ин нашрияи бузург замина фароҳам оварда шуд.
Дар фарҷоми барномаи курс, устоди донишкадаи рўзноманигории Донишгоҳи мардумии Чин Чжао Юнтсзе дар масъалаи «Ташаккули ҷомеаи Чин ва ВАО ҳамчун соҳа»
маърўза кард. Шарҳи таърих ва таъсиси нахустин газетаҳо дар олам, аз ҷумла дар Чин, роҳи тайнамудаи матбуоти Чин ва дирўзу имрўзи матбуот чун василаи тавонои таъсиррасон ба ҳаёти рўзмарра бо факту далелҳо пешниҳод гардида, аз ҷониби шунавандагон бо хушнудӣ қабул шуд.
Баъди боздид аз фаъолияти ширкати машҳури технологияи муосири Чин – Хуавей, ки намоишгоҳи он ба бинандагон таъсири амиқ гузошта тавонист, маросими ҷамъбасти семинар барпо шуд. Дар он намояндагони Хазинаи Сулҳ ва Рушди Чин аз иштироки фаъолонаи шунавандагон дар машғулиятҳо изҳори қаноатмандӣ карда, таъкид доштанд, ки чунин чорабиниҳо минбаъд низ тарҳрезӣ ва амалӣ карда мешаванд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо