Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Пас аз шунидани фикру мулоҳизаҳои шунавандагон оид ба роҳҳои самараноки баргузории машғулиятҳои илмию амалӣ дар вазъи тантанавӣ ба шунавандагон сертификати Донишгоҳи мардумии Чин супорида шуд.
Сафари минбаъдаи шунавандагони курсҳои бозомўзӣ ба шаҳри бандарии Шиндао (Qingdao), ки маънии «ҷазираи кабуд»-ро дорад, тавассути қатораи тезҳаракат сурат гирифт. Дар шаҳри Шиндао, ки дар канори баҳри Зард қомат афрохтааст, усули меъмории олмонию хитоӣ ба ҳам омезиш ёфта, иқлими мусоид ва фароҳам оварда шудани шароити мусоид ба маънии том шаҳрро макони сершумори сайёҳон кардааст.
Боздид аз коргоҳи тавлиди обҷав (пиво), ки ҳанўз соли 1903 аз ҷониби мутахассисони олмонӣ бунёд гардида, то ба имрўз фаъолият дорад, барои бинандагон шавқовар буд. Дар ин шаҳр гурўҳи шунавандагон аз минтақаи озоди иқтисодӣ дидан намуданд, ки тарҳи он бозгўи нерўи беш аз пеш тақвиятёбандаи иқтисодиёти бузурги Чин аст.
Дар заводи истеҳсоли муҳаррики киштиҳо, ки навсохт асту туфайли маҳорату малакаи аҳли заҳмат аллакай ба муштариён писанд афтодааст, муҳаррикҳои гуногуни киштиҳо омода карда мешаванд. Ба истеҳсолот ворид намудани технологияи инноватсионӣ имкон медиҳад, ки дар 8-10 моҳ муҳаррики баробар ба миллионҳо қувваи асп, ки 600-700 тонна вазн дорад, ба истифода дода шавад.
Дар баробари шиносоӣ аз рафти босуръати тараққиёти соҳаҳои мухталифи ин шаҳри бузурги иқтисодии Чин дар яке аз кўчаҳои он, ки Шен ёулу ном дорад, гурўҳ бо шароити буду боши сокинони маҳал аз наздик ошно гардид.

пешина
аз 601
навбатӣ