ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Дар кўчаи номбурда 3700 оила иқомат намуда, шумораи бошандагон беш аз 10 000 нафар аст. Маркази маъмурии маҳал дорои сомонаи худ буда, шароити буду боши сокинон комилан зери назорат гирифта мешавад. Нафақахўрон ба маҳфилҳои мухталиф фаро гирифта шуда, вазъи иҷтимоии онҳо зери назорати масъулини маркази маъмурӣ ва маркази тиббии он қарор дорад.
Аз шаҳри Шиндао гурўҳи намояндагони ВАО тавассути ҳавопаймо ба маркази Чин шаҳри Инчуан (Yinchuan), маркази маъмурии ноҳияи мухтори Нинся Хуэй парвоз намуда, баъд аз нисфирўзӣ бо фаъолияти корпоратсияи Нинсия Хуанхе шинос гардид. Нашриёти номбурда асосан барои аҳолии мусулмони ин вилояти автономӣ китобу маҷаллаҳо ба табъ мерасонад. Мавриди зикр аст, ки аввалин чопхонаи Чин маҳз дар ин музофот сохта шудааст. Дар ин вилояти автономӣ 6 миллион нафар аҳолӣ ба сар мебаранд, ки аз ин миқдор 2 миллионашон мусулмон ҳастанд.
Субҳи дигар гурўҳи шунавандагон аз фаъолияти лоиҳаи пешгирии биёбоншавӣ дар мавзеи Нинся шинос гардиданд, ки хеле ҷолиб ва омўхтанӣ буд. Мулоқот бо роҳбари ин лоиҳа Ванг Йоуде, ки дар Чин ўро ҳамчун қаҳрамон мешиносанд, бозгўи он буд, ки зарурат ва аҳамияти ҳифзи табиат, ба боғу гулистон табдил додани заминҳои регпўши биёбон муҳимтар аз баҳсҳои сиёсиву талошҳои демократикунонии Ғарб аст. Ман ду душмани ашадӣ дорам, - гуфт бо табассум ҷаноби Ванг - ҷанг ва биёбон. Ман, ки мусулмон ҳастам, агар ба ҷои шумо гурўҳе аз Ироқ ташриф меовард, ба эшон мегуфтам, ки биёбонро гулистон кардан мусулмонист, на ба хотири Ҳақ хуни ноҳақ рехтан.
Саёҳат ба кўли Шаха дар оғўши биёбон, ки садсолаҳо қабл бар асари заминларза ба вуҷуд омадааст, моро ба шигифт овард. Дар маркази биёбон (ки шояд агар дар кишвари дигаре бошад, касе таваҷҷуҳ накунад) таъсис додани як маркази зебои сайёҳӣ воқеан ҳам қобили таҳсин аст.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо