ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Ҷомеа
Аз аввал хондан- Ҷаноби сафир, гарчанд ки муносибати кишварҳои мо хеле тўлонтар аз 25 сол аст, ба ҳайси кишварҳои соҳибистиқлол ва комилҳуқуқ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия танҳо соли 1992 расман ба муносибатҳои дипломатии худ оғоз бахшиданд. Хуб, лутфан бигўед, ки тўли ин 25 сол муносибатҳои мо дар кадом сатҳ сурат гирифтанд ва барои истиқболи ин санаи таърихӣ Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Россия чӣ гуна омодагӣ мегирад?
- Бале, Шумо дуруст зикр намудед. Новобаста аз он, ки ба таърихи муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия расман 25 сол мешавад, муносибатҳои мардуми ин ду кишвар хеле тўлонӣ аст. Ҳанўз аз давраҳои Русияи подшоҳӣ муносибатҳои тиҷоратии кишварҳои мо ба таври густурда роҳандозӣ мешуданд.
Муносибатҳои тиҷоратӣ боис гардид, ки аз Русия ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла қаламрави Тоҷикистони имрўза хати роҳи оҳан кашида шавад. Экспедидсияҳои тадқиқотии олимони соҳаҳои мухталифи рус, аз ҷумла табибон, табиатшиносон, геологҳо, этнографҳо барои муаррифии халқи тоҷик нақши муҳим доштаанд. Муҳаққиқони маъруфи рус Бартольд В.В., Андреев М.М., Дяконов М.М.
таърих фарҳанг ва расму оини миллати тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуданд. Яке аз донишмандони шинохтаи тоҷик Аҳмади Дониш, ки ҳанўз дар қарни XIX ба ҳайси сафири Аморати Бухоро ба Россия фиристода шуд, дар рисолаҳои худ оид ба тарзи зист ва расму оини халқи рус маълумоти муфассал дода буд.
Баъдтар, баъд аз Инқилоби октябр ба сифати яке аз ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шўравӣ мо бо халқи рус шаҳрвандони як кишвари абарқудрати Шўравӣ маҳсуб мешудем.
Ҳароина дар ин давраи таърихӣ муштаракоти идеологӣ, фарҳангӣ ва то андозае забонӣ моро бо ҳам боз ҳам наздик кард.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо