ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Имрўз низ баъд аз барҳам хўрдани давлати абарқудрати Шўравӣ Федератсияи Россия барои мо яке аз шарикони муҳими стратегӣ боқӣ мемонад. Мо новобаста аз назари мухталиф доштан нисбати баъзе масъалаҳо пайваста кўшиш ба харҷ медиҳем то муносибати кишварҳои мо тақвият ёбанд. Дар ин замина Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия дар доираи салоҳияти худ бо истифода аз каналҳои дипломатӣ тамоми чораҳоро меандешад. Мо кўшиш ба харҷ медиҳем, ки ҳам дар доираи созмону ташкилотҳои муштарак ва ҳам дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба ўҳдадориҳои худро иҷро намоем ва бар ин боварем, ки ҷониби Русия низ дар ин самт тасмимҳои мусбӣ хоҳад гирифт.
Омодагии мо ба истиқболи 25-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Россия бо назардошти муштаракоти таърихӣ хеле ҷиддист. Силсилаи мулоқоту вохўриҳо дар сатҳи баланд, чорабиниҳои илмиву фарҳангӣ ба назар гирифта шудаанд, ки итминон дорам барои боз ҳам бештар таҳким бахшидани ҳамкориҳои тарафайн саҳм хоҳанд гузошт.
Тавре, ки иттилоъ доред Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд, ки кишвари мо ҷонибдори сиёсати дарҳои кушод буда, мо дар сиёсати хориҷии худ аз ин равиш кор мегирем.
- Яке аз масъалаҳои доғе, ки тўли чанд соли охир дар сархати ВАО қарор дорад, вазъи муҳоҷирони кори тоҷик дар Федератсия Россия аст. Зимнан Сафорат дар ин самт кадом корҳоро анҷом медиҳад?
- Масъалаи муҳоҷирони корӣ ва ҳимояи ҳуқуқии онҳо на танҳо дар сархати ВАО ба назар мерасад, балки дар мулоқотҳои тамоми сатҳҳо мавриди баҳс қарор дорад.
Бовар кунед, шояд Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия ягона сафорате бошад, ки теъдоди зиёди шаҳрвандони мо ҳамарўза бо мушкилоти гуногун ба он муроҷиат менамоянд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо