Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Пўшида нест, ки имрўз муҳоҷирати меҳнатӣ ба як ҳаракати бузурги байналмилалӣ табдил ёфта, тамоми ҷаҳонро фаро гирифтааст. Имрўз на танҳо тоҷикон ва ё миллатҳои дигари кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Федератсияи Русия, балки теъдоди бузурги мардуми рус низ ба ИМА, Канада ва кишварҳои Аврупо ҳиҷрат доранд.
Мо пайваста талош менамоем, ки ҳимояи ҳуқуқии муҳоҷирони мо дар мадди назар бошад. Бо муҳоҷирон, донишҷўён, тоҷирону соҳибкорони тоҷик дар Федератсияи Россия мулоқотҳо анҷом медиҳем. Танҳо тўли чанд моҳи охири соли гузашта бо донишҷўёни Донишгоҳи Давлатии Москва (МГУ), Донишгоҳи давлатии техникии нақлиёту роҳи Москва (МАДИ), намояндагон ва аъзои ҲХДТ мулоқотҳо доир намудем. Моҳи сентябри соли сипаригардида дар меҳмонхонаи маъруфи Ритс Карлтони шаҳри Москва бахшида ба 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон қабули тантанавӣ доир гардид, ки дар он сафирони кишварҳои гуногун ва сиёсатмадорон ва арбобони шинохтаи сиёсиву ҷамъиятӣ, аз ҷумла муовини Вазири корҳои дохилии Федератсияи Россия Василиё Небензя ширкат варзиданд. Инчунин, моҳи декабр низ бо иштироки шаҳрвандони Москва ва намояндагони ҷамъиятҳои тоҷикони муқими Москва «Шоми фарҳангии тоҷик» баргузор гардид, ки дар он аҳли ҳунар ва санъат баромад намуда, фарҳанги миллии моро ба мардуми бумӣ муаррифӣ карданд.
Масъалаҳои марбут ба ҳимояи ҳуқуқии шаҳрвандони тоҷик низ пайваста дар мадди назари Сафорат аст. Ҷиҳати ҳимояи ҳуқуқии шаҳрвандоне, ки вобаста ба қазияи қабристони Хованское боздошт шудаанд, бо Раиси Кумитаи байналмилалии Шўрои Федератсия Константин Касачев мулоқот аҷом додем.

пешина
аз 601
навбатӣ