ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Ҷомеа
Аз аввал хонданАлҳол аз ҷониби Сафорат чанд ҳимоятгари шинохта ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқуқҳои шаҳрвандони боздоштшудаи мо ҷалб шудаанд, ки пайваста аз рафти кор дар ин самт ба мо ахборот медиҳанд. Доир ба масъалаҳои ҳимояи ҳуқуқии шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Россия бо яке аз муовиниони Вазири корҳои дохилии Россия рўзҳои наздик анҷом додани як мулоқот дар назар аст. Дар мулоқоти мазкур бештар ба масъалаи шаҳрвандоне, ки аз ҷониби мақомоти тартиботи Россия бидуни ягон асос боздошт ва ё ҳабс шудаанд, таваҷҷўҳ бештаре зоҳир хоҳад шуд…
- Оё аз тамоюли муҳоҷирати меҳнатӣ танҳо кишвари мо бурд мекунад ва ё саҳми муҳоҷирони меҳнатии тоҷик низ дар пешравии иқтисодиёти Россия назаррас аст?
- Бубинед, ки соли 2015 ба буҷети шаҳри Москва танҳо аз ҳисоби патент (иҷозатнома барои кор) беш аз 11 миллиард рубл ворид шуд, ки ҳатто аз даромади фурўши нафт зиёдтар аст. Ин новобаста аз он, ки теъдоди зиёди шаҳрвандони мо дар бахшҳои тиҷорат, истеҳсолот, сохтмон ва хизматрасонӣ фаъолият намуда, дар пешравии иқтисодиёт ва некўаҳволии мардуми рус саҳм мегузоранд.
Вале бо вуҷуди ин ҳам баъзе аз гўрўҳҳои сиёсӣ дар Россия мехоҳанд вазъи буду боши муҳоҷирони меҳнатиро дар кишварашон маҳдуд кунанд.
Камина борҳо дар мулоқотҳо бо мақомоти баландпояи Русия таъкид намудаам, ки роҳандозии чунин иқдомҳо нисбати муҳоҷиронӣ меҳнатӣ аз кишварҳое, ки шарики стратегии Россия маҳсуб мешаванд, дуруст нест. Дар кишварҳои аврупо масъалаи муҳоҷирати меҳнатӣ дар асоси қонун кайҳо танзим шудааст. Фаразан, дар Ҷумҳурии Федеролии Олмон ба муҳоҷирони меҳнатӣ аз ҷониби ниҳоди дахлдор то як муддати муайян кумакпулӣ муқаррар мешавад, онҳоро бо ҷои зист таъмин менамоянд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо