ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Омўзиши забон ва ихтисос низ ройгон аст. Вале дар Россия, дар гузаштаи начандон дур ҳатто барои вайрон кардани қоидаи ҳаракати роҳ ва ё саривақт напардохтани маблағи телефонҳои мобилӣ муҳоҷирони меҳнатиро депортатсия мекарданд.
Дар натиҷаи ин амал беш аз чаҳорсад ҳазор шаҳрвандони мо ҳаққи вуруд ба Россияро аз даст доданд, ки дар байни онҳо ҳатто донишҷўён буданд.
Ҳоло низ мо дар баъзе доираҳои сиёсии Россия мешунавем, ки ҷорӣ намудани низоми раводидро бо баъзе кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шўравӣ тарғиб менамоянд. Гумон мекунам ин роҳи ҳалли масъала нест. Баръакс ҳукумати Россия бояд ҷиҳати ҳаллӣ мушкилоти маишии муҳоҷирон, ҳифзи ҳуқуқии онҳо ва ислоҳоти қонунгузории муҳоҷират кўшиш намояд. Мо бояд ба ҳамгироӣ (трансформатсия)-и муҳоҷрони меҳнатӣ бо ҷомеаи рус ҳаракат кунем.
Барои омўхтани қонунгузории Россия ва донистани забон, таърих ва суннатҳои мардуми рус замина фароҳам орем.
Танҳо дар ҳамин ҳолат ин артиши бузурги муҳоҷирони меҳнатӣ барои ободии Россия ва айни замон беҳтар намудани шароити зисти худ хизмат хоҳанд кард.
Дар навбати худ, бо назардошти мушкилоте, ки пешорўи муҳоҷирон қарор дорад, мо барои сода кардани низоми ҳуҷҷатгузории онҳо аз тариқи консулгариҳо тасмимҳои ҷиддӣ гирифтем. Аксарияти ин корҳо, аз ҷумла гирифтани шиносномаи хориҷӣ аз тариқи воситаҳои электронӣ ва пардохти маблағҳои ҳатмӣ тавассути бонкҳо сурат мегиранд. Гузашта аз ин, мо ба хотири дастгирии муҳоҷирони меҳнатие, ки дар музофоти Россия заҳмат мекашанд, барои кушодани консулгариҳои генералӣ дар шаҳрҳои Уфа, Санкт-Петербург ва Новосибирск замина гузоштем.
-Мўҳтарам Имомуддин Мирзоевич, яке аз масъалаҳои нигароникунанда фаъолияти ҷамъиятҳои тоҷикон, ё ба истилоҳи дигар диаспораҳои тоҷик дар Россия аст, ки мутаассифона ба ҷои ҳамкорӣ, баръакс байни ҳам рақобати шадид доранд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо