ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Ҷомеа
Аз аввал хонданОё имкон дорад, ки таҷриба ва нерўи онҳоро муттаҳид намуда, ба манфиати муҳоҷирони меҳнатӣ равон кард?
- Агар мо дар муқоиса бо дигар миллатҳое, ки дар Россия солҳои тўлонӣ зиндагӣ доранд, ба ин масъала назар афканем, ҷамъият ё ба истилоҳи Шумо диаспораҳои мо дар ин самт ҳанўз таҷрибаи кофӣ надоранд. Дар кишварҳои Аврупо, Амрико ва ё ҳатто худи Россия диаспораҳое мавҷуданд, ки таҷрибаи беш аз садсола доранд. Дар ин маврид диаспораҳои озарбойҷонӣ, гурҷӣ, укроинӣ ва ё арманӣ дар Русия ва ё дигар кишварҳои ҷаҳон намунаи ибрат буда метавонанд.
Аз дигар тараф аксарияти шаҳрвандони мо, ки бар асари нооромиҳои солҳои 90-уми қарни гузашта ба Федератсияи Россия кўч бастанд, аз рўи принсипи маҳал гирд омада, танҳо хешовандон ва ҳамшаҳриёни худро муттаҳид намудаанд ва дар ин замина ҷамъиятҳо ташкил кардаанд.
Танҳо дар ҳоли аз ин принсипи тафриқаангез даст кашидан ва муттаҳид гардидани ҷамъиятҳои кўчак, имкон дорад, ки як ҷамъияти фарогир ва устувори тоҷикон дар Россия таъсис дода шавад. Чаро ки тамоми шаҳрвандоне, ки имрўз бо тақозои замон дар Федератсияи Россия заҳмат мекашанд, новобаста аз маҳаллу минтақа воқеан ҳам шоистаи эҳтироманд.
Ҳароина ҷамъиятҳое мисли маркази фарҳангии тоҷикон «Нур», ки дар шаҳри Москва фаъолият дорад, бо баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ, муаррифии таърих, санъат, арзишҳои миллии тоҷикон дар Россия, фаъолияти қобили таҳсин дорад. Бар ин боварам, ки теъдоди чунин ҷамъиятҳо, ки нисбати сарнавишт, тақдир ва фарҳанги миллати худ бетараф нестанд, дар Россия афзоиш хоҳанд ёфт.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо