Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Дар фарҷоми сўҳбат мехоҳам таваҷҷўҳи хонандагони ҳафтаномаи шуморо ба як нукта ҷалб намоям. Теъдоди хеле зиёди тоҷикон дар Россия зиндагӣ ва фаъолият доранд. Барои бахши азиме аз онҳо, ки шаҳрвандии Россияро гирифтаанд, ин кишвари бузург ватани дуюм маҳсуб мешавад. Аз ин хотир, ҷамъиятҳои тоҷикон дар Россия бояд кўшиш ба харҷ диҳанд, ки аз тариқи фарҳанг, санъат, арзишҳои миллӣ ба халқи рус фаҳмонанд, ки дар васати онҳо намояндагони тамаддуни воқеан бузург зиндагӣ доранд. Бояд мардуми рус дарк кунад, ки халқи тоҷик дорои фарҳанг ва тамаддуни қадима аст, таҳамулпазир аст ва ҳеҷ гоҳ радикалу мутаассиб набуд. Фарҳанг ягона омил аст, ки мардумро ба ҳам мепайвандад ва кишварҳоро ба ҳам наздик мекунад. Пас, мо бояд бештар дар ин самт фаъолият кунем, то симои аслии миллати бузурги худро ба ҷаҳониён муаррифӣ намоем.
-Ташаккур барои сўҳбати пурмўҳтаво

  • Банда низ таманно дорам, ки сафари шумо дар Русия хуш гузарад…
    Маскав, с.2015

МАВҚЕГИРИИ ВАО ДАР СИЁСАТҲОИ
ТАҲМИЛИИ ГЕОПОЛИТИКӢ

Вақте, ки мо дар мавриди геополитика ва таъсири он ба раванди сиёсии ҷаҳон ҳарф мезанем ва ё мехоҳем, ки нақши ВАО-ро дар ин росто муайян намоем, бояд сари ин чиз андеша кунем, ки таи чанд даҳсолаи охир сиёсати ҷаҳон ба ангезаҳои нав ва хеле мураккаб дучор шудааст.
Дар радифи ҳадафҳои «геополитикӣ» маҳфумҳои наве мисли ҳадафҳои «геостратегӣ», «геоиқтисодӣ» арзи вуҷуд намудаанд, ки манфиатҳои кишварҳои алоҳида ва консернҳои бузургро ҳимоя мекунанд.

пешина
аз 601
навбатӣ