Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Табиист, ки дар роҳандозии ин аҳдоф нақши ВАО-и муосир хеле густурда буда, ҷаҳони сармоя онро ҳамчун воситаи муассири таъсиррасонӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ мавриди истифода қарор додааст.
Мо медонем, ки журналистика бидуни ҷомеа вуҷуд дошта наметавонад, чаро, ки он аслан барои ҷомеъа менависад ва ниёзҳои онро инъикос мекунад. Гузашта аз ин, ба журналистикаи мусоири ҷаҳон назар афканем, новобаста аз ҳадафи аслии он, ки расонидани иттилоот аст, якранг ва яксон буда наметавонад. Чунки ҳар як кишвар дорои сиёсат, таърих, фарҳанг ва арзишҳои миллии худ буда, журналистони он низ дар алоқамандӣ бо ин арзишҳо тарбия меёбанд. Аз дигар тараф, кормандони соҳаи ВАО, ки шаҳрванди кишвари алоҳида мебошанд, новобаста аз ҷаҳонбиниашон муваззафанд манфиатҳои давлат ва миллати худро ҳимоя намоянд.
Аз ин лиҳоз, имрўз дар фазои иттилооти ҷаҳон мо зуд-зуд шоҳиди он мешавем, ки дар баҳси як масъала ва ё таҳлили як ҳодиса зовияи дид ва бархўрди ҷомеаи журналистии ҷаҳон мухталиф аст. Тафовути назарҳои мактаби журналистии ғарб аз журналистони кишварҳое мисли Русия ва Чин мисоли барҷастаи ин ақвол буда метавонад.
Фаразан ВАО-и Русия размандагони вилоятҳои Донбас ва Лугански Укроинро ҳамчун нерўҳои озодихоҳ муаррифӣ намояд, ҷомеаи журналистии кишварҳои ғарб онҳоро қувваҳои ҷудоихоҳ ва террорист меноманд. Ва ё баръакс, ВАО-и Русия мухолифони ҳукумати Башор Асадро дар Сурия ба унвони гурўҳҳои террористӣ ном баранд, журналистони кишварҳои ғарб онҳоро нерўҳои демократӣ ва озодихоҳ унвон мекунанд.

пешина
аз 601
навбатӣ