Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Бо дарназардошти ин, ки мо асосан аз манбаъҳои иттилоотии Русия истифода менамоем, мавқеъгирӣ дар фазои иттилоотии мо низ аз лиҳози вокуниш ба рўйдодҳои сиёсӣ бо фазои иттилоотии ин кишвар алоқамандии бештаре дорад.
Пўшида нест, ки имрўз ВАО аз ҳадафи аввалияи худ, ки таъмини дастрасии ҷомеа ба иттилоот буд, хеле дур рафтааст ва ба як сохтори пуриқтидори идеологӣ табдил ёфтааст. Воситаҳои ахбори омма имрўз ба ҳайси аслиҳаи пуриқтидори таблиғоти сиёсӣ ва воситаи хеле нерўманди таъсиррасонӣ ба тафаккур ва рафтори одамон ба шумор меравад. Имрўз хеле кам воқеъ мешавад, ки иттилоот дар шакли аслӣ ба ҷомеа ва ё тавре, ки ба истилоҳи журналистӣ мегўянд «аудитория» дастрас шавад. Бештари иттилоот бо назардошт аҳдофи геополитикӣ, геостратегӣ ва геоиқтисодии давлат ё консернҳои бузург дар шакли тағйирхўрда ва такмилшуда пешниҳод мегарданд. Ин навъ иттилоот аллакай аз доираи рисолати аслии журналистика, ки расонидани ахбори саҳеҳ ба «аудитория» аст берун меравад ва по ба ҷодаи сиёсат мениҳад, ки мақсадаш таъсиррасонидан ба мағзи ҷомеа ва бодарназардошти манфиатҳои гурўхҳои алоҳида ташкили афкори умум аст. Дар ин замина бо мақсади бештар намудани таъсиррасонии ВАО ба шуури одамон ба таҳрифи далелҳо, ки дурўғи маҳз аст, роҳ дода мешавад. Ғолибан ин тасмимот таҳти шиори «озодии сухан» ва ё «ошкорбаёнӣ» роҳандозӣ мегардад.
Дергачев В.А. дар китоби худ «Геополитика» менависад, ки воситаҳои ахбори оммаи муосир солҳои охир технологияи ҷангҳои равониро бо назардошти таблиғоти «сафед», «тира» (хокистарӣ) ва «сиёҳ» ба таври хеле густурда истифода менамоянд. Аз диди муаллиф таблиғоти «сафед»-е, ки интишор ва паҳн мешавад, дорои сарчашмаи мўътамад аст. Таблиғоти «тира» бошад сарчашмаро таҳриф мекунад, аммо таблиғоти «сиёҳ» онро комилан тағйир медиҳад.

пешина
аз 601
навбатӣ