ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Мисли ин, ки соле қабл сухангўи Вашингтон адмирал Кирби дар брифинги Кохи Сафед артиши Русия ва Сурияро ба гулўлаборон кардани чанд бемористони шаҳри Идлиб муттаҳам кард ва ба журналистон гуфт, ки манбаи ин хабар Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ аст.
Вале баъд аз таҳқиқи журналистон муайян гардид, ки СУТ чунин ахборро паҳн накардааст. Ин мисол бо назардошти он, ки манбаи иттилоот комилан иваз шудааст, аз намунаҳои рўшани таблиғи «сиёҳ» буда метавонад.
Аз ин бармеояд, ки ВАО имрўз қодир аст ба хотири паҳн нашудани ҳақиқате, ки ба манфиати соҳибмулк ва сарпарасти ў нест, онро дар шакли сахт таҳрифшуда манзур намояд.
Олимони шинохтаи соҳаи журналистикаи Амрико, профессорони Донишгоҳи Иллинойис Фред Сиберт ва Теодор Петерсон, профессори Донишгоҳи Стенфорд Уилбур Шрамм китоберо бо унвони «Чаҳор назарияи матбуот»
нашр намуданд, ки солҳои тулонӣ дар кишварҳои ғарб классикаи журналистика маҳсуб мешуд.
Онҳо дар китоби мазкур таъйид намуданд, ки ин назарияҳо ба шароити сиёсию иҷтимоии кишварҳо вобаста буда, матбуот дар доираи маҳдудаи (чорчўбаи) муайяннамудаи онҳо фаъолият мекунад. Ба андешаи муаллифони китоби мазкур назарияи авторитарӣ ҷавобгарии ВАО-ро дар назди шоҳ, император, доҳӣ ва ё ҳукумате, ки онҳо идора мекунанд, муқаррар менамояд. Назарияи либертарианӣ, ки мутобиқи он озодии матбуот бар озодии ирода асос меёбад, вобастагии матбуотро аз давлат ва ё режимҳои худкома комилан инкор мекунад ва баръакс бар ин назар аст, ки ВАО бояд фаъолияти давлатро таҳти назорат қарор диҳанд ва ба ҳайси яке аз шохаҳои ҳокимият, яъне, «ҳукумати чаҳорум» новобаста аз се шохаи дигари ҳокимият, фаъолият намояд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо