ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Вале вобастагии ВАО-и муосири ғарб, ки намунаи беҳтарини журналистикаи озод маҳсуб мешавад, аз ниҳоди давлативу консернҳои фаромиллӣ аз он далолат менамояд, ки ин назария танҳо дар рўи коғаз боқӣ мондааст. Назарияи масъулияти иҷтимоӣ идеяи мухторияти муайяни ВАО-ро аз соҳибмулк ва муассис тақозо менамояд, ки имкон медиҳад то манфиати ҷомеъа низ то андозае ба назар гирифта шавад. Ин назария бар он асос меёбад, ки соҳибмулк ва ношир бояд ба таври ихтиёрӣ аз баъзе ҳуқуқҳои худ ба манфиати журналистон ва ҷомеъа даст кашад.
Дар ин замина ҷавобан ба назарияҳои зикршуда муҳақиқи рус Я.Н. Засурский панҷ масъулияти воситаҳои ахбори омаро муайян намудааст:
- масъулият дар назди ҷомеъа ва шаҳрвандон
- масъулият дар назди давлат
- масъулият дар назди соҳибмулк, муассис ва ё ношир, ки ногузир манфиатҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва мисли инро доранд.
- масъулият пешорўи ихтисос ва ҳамкасбони худ, ки ба танзими фаъолияти ВАО аз ҷониби худи журналистон имконият фароҳам меорад.
- масъулият дар назди аудитория, яъне, хонандагон, бинандагон ва шунавандагон.
Вале солҳои охир ҷараёни ҷаҳонишавӣ ва муборизаи кишварҳои абарқудрат ва консернҳои бузург барои таҳти контроли худ қарор додани захираҳои моддиву маънавӣ то андозае ба фаъолияти ВАО таъсир мерасонад, ки муайян намудани сарҳади масъулиятҳои ВАО тақрибан ғайриимкон шудааст.
Муҳақиқи рус Маркина Ю.В. дар рисолаи худ бо унвони «Нақши мас медиа барои ноил шудан ба ҳадафҳои геополитикӣ» менависад, ки ҳадафи геополитика аз оғоз ҳокими мутлақи сайёра шудан ва кишварҳои нисбатан заифро таҳти таъсири худ қарор додани баъзе кишварҳои абарқудрат буд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо