ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Муаллиф бар ин назар аст, ки ахиран истифодаи ВАО ба манфиатҳои геполитикӣ ба бархўрдҳои шадид ва таҳаммулнопазирии этникӣ, миллӣ ва ё динӣ оварда мерасонад. Агар ба таҳаввулоти чанд соли охири ҷомеаи ҷаҳонӣ таваҷҷўҳ намоем, дурусти фарзияи Маркина комилан собит мешавад. Аз рўи нишонаҳои милливу этникӣ ба чанд давлатҳои кўчак тақсим шудани кишварҳои бузурги Аврупои Ҷанубӣ мисли Югославия, Чехия, Словакия ва ё ҷангҳои диниву мазҳабӣ дар кишварҳои араб, ки ба унвони «баҳори араб» маъруф аст, бо дахолати мустақими ВАО сурат гирифт, ки таҳти таъсири кишварҳои абарқудрат ва олами сармоя қарор доштанд.
Вале аз дигар тараф коршиносон бар ин назаранд, ки медиакратия ҳамчун омили геополитика рўз то рўз қувват гирифта, ба як неруи фаромиллӣ табдил ёфта истодааст ва аз таҳти таъсири давлат раҳо ёфта, баръакс худ ба сиёсати давлатҳои алоҳида таъсир мерасонад.
Мутобиқи дурнамо оид ба рушди ҷомеаи иттилоотӣ, эҳтимол дорад, ки тамоми соҳаҳо, аз ҷумла иқтисодиёт, иҷтимоиёт, фарҳанг, маориф ва ҳатто сиёсату муносибатҳои байналмилалӣ ахиран таҳти контроли масс медиа қарор мегиранд.
Соли 1945, баъд аз поён ёфтани Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ англо-саксҳо созмонеро бо унвони «Империяи Нави Британия» таъсис доданд, ки маркази он дар шаҳрҳои Лондон ва Нью-Йорк мустақар шуд. Ҳамин тавр, сармояи трансмиллии амрикоиву бритониёӣ зина ба зина пойгоҳи бузурги иттилоотиеро (медиократия) ташкил намуданд, ки пайваста тавассути онҳо ба мағзи тамоми сокинони сайёра арзишҳои сунъиро таҳмил менамоянд. Имрўз Империяи Нави Бритониёӣ (НБИ) бузургтарин ВАО-и ҷаҳонро идора мекунад, ки бо садҳо забон пахшу интишор мегарданд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо