ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Ҷомеа
Аз аввал хонданФаразан:
- Шабакаҳои телевизионии СNN, ABC, CBS, NBC,
BBC; - рўзномаҳои «Wall-Street Journal»; «New York Times», «Washington Post»
- маҷаллаҳои «Newsweek», «Time»
- медиоконсернҳои «Walt Disney», «News Corporation», «Time Warner»
Солҳои 1990 корпоратсияҳои бузурги трансмиллӣ ба ҳайси субъектҳои нави геполитика арзи вуҷуд намуданд, ки дигар аз назорати баъзе кишварҳои абарқудрат берун шуданд. Медиокорпоратсияҳои трансмиллӣ ба шарофати он, ки имконият доранд ба афкори ҷомеа таъсир расонанд, имрўз қодиранд, ки ҳатто раванди сиёсии ҷаҳонро тағйир диҳанд. Дар ин росто онҳо технологияҳои навтаринро мавриди истифода қарор медиҳанд.
Бо боварии том ва бидуни ифрот метавон гуфт, ки бузургтарин ва бонуфузтарин ВАО-и ИМА; мисли «New York Times», «Washington Post», «Wall-Street Journal», «Forbes», «Fortune», шабакаи бузурги телевизионии Федератсияи Русия мисли «RT», оҷонсии иттилоотии «Спутник», хазинаи «Русский Мир», пойгоҳҳои бузурги иттилоотии Чин «Синхуа», CCTV, радиои байналмилалии CRI ва Қатар «Ал-Ҷазира» на танҳо дар равандҳои сиёсии дохили кишварашон, балки берун аз он ҳам фаъолона ширкат меварзанд ва ҳадафҳои муассисони худро дар тамоми ҷаҳон роҳандозӣ менамоянд.
Имрўз медиа массаҳои бузурги ҷаҳон кўшиш доранд, ки ба шуур ва андешаи миллионҳо хонандагон, шунавандагон ва бинандагон таъсир расонанд. Баъзе коршиносони шинохтаи соҳа мўътақид буданд, ки рушду инкишофи интернет фазои итилоотиро аз монополияи медиа массаҳо наҷот медиҳад ва дар фазои иттилоотии ҷаҳон рақобати нисбатан солим ба вуҷуд меояд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо