Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Вале воқеъият нишон дод, ки баръакс медиа массаҳои бузург ҳузури худро пеш аз дигарон дар торномаҳои интернет таъмин карданд ва фазои иттилоотиро дар ин бахш низ тасарруф намуданд.
Пўшида нест, ки солҳои охир дар риштаи сиёсат на омили нерў ва аслиҳа, балки иттилоот ва идеология ба зинаи аввал баромадаанд. Дар ин замина ҷумҳурии моро низ зарур аст, ки ба хотири ҳифзи фазои иттилоотии худ чораҳои муассир андешад. Аз технологияҳои муосири иттилоотӣ роҳи гурез вуҷуд надорад. Технологияҳо ҳамарўза такмил ёфта, сарҳади ҳамагуна фазои иттилоотиро метавонанд, ки ба осонӣ убур кунанд, пас ягона иқдоми дуруст барои мо ин ҳузури иттилоотии худро дар тамоми ВАО-и бонуфузи ҷаҳонӣ таъмин намудан аст.
Душанбе, с 2015

АЗ БОДИ ҲАВОДИС ҲАРОСЕ НАДОШТ

Мо дер боз садои тақ–тақи асои ўро дар идора нашунида будем. Гумон мекардем, ки пир шудаасту дигар барои навиштани мақола ҳавсала надорад. Ў ҳар гоҳ, ки ба идора меомад ва ба утоқи камина ворид мешуд, гарчанде дербоз ўро хуб мешинохтам, бори дигар худро ашрофона муаррифӣ менамуд: Ҷаъфаров Ҷумҳур Исмоил-Оғли!
Ин навбат низ баъд аз боз шудани дар мисли пешин садояшро шунидам, ки асобағалро дар дасти чап дошта, мисли низомиён қоматашро рост карда, худро муаррифӣ менамуд. Эҳсос кардам, ки лашкари пирӣ воқеъан ҳам дар андомаш асар кардаасту асобағалаш низ бори пириашро бештар мекашад. Кори муҳиме дошт, ки дар ин рўзи боронӣ ба пирии хеш нигоҳ накарда, ба идора омада буд…

пешина
аз 601
навбатӣ